Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Интишорот

РӮДАКӢ ВА БОЗСОЗИИ МАСНАВИИ «СИНДБОДНОМА»-И Ӯ (Хотима)

Муаллиф: Усмон Каримов

Зоҳиран абёти зерини Рудакӣ низ аз ҳамин ҳикояти номбурда аст:

Зишту нофарҳахтаю нобихираде,
Одамрӯею дар батин баде...
Нони он мудхилМудхил – нокас, лаим, фурӯмоя, аблаҳ зи бас зиштам намуд,
Аз пайи хӯрдан гувориштам намуд (с. 139)

Мувофиқи мазмуни «Достони бозоргони латифтобеъ» чун ханизаки нонфурӯш ба бозоргон воқеаи бар ҷароҳати хоҷааш бастани ҳамир ва аз он чӣ навъ пухтани нонро нақл кард, сипас бозоргон ба ҷон ранҷиду гуфт: «Лаънат бар ту боду бар ин суоли нобарҷойгоҳ! Кошкӣ ҳаргиз туро надидаме ва аз ту кулча нахаридаме!...» (с. 107)

Дар байти болои Рӯдакӣ калимаи мудхил ба маънои шахси нокасу лаим омадааст. Ин ду байт дар «Осори Рӯдакӣ» (Сталинобод, 1958, с. 401) аз ҳам ҷудо омадаанд. Аммо дар як ҷо овардани онҳо салоҳ дониста шуд. Зеро тахмин меравад, ки ин ду байт аз як фасл ё як ҳикояти «Синдбоднома»-и Рӯдакӣ бошад. Чунки ин амали нописанди канизак танҳо дар як ҳикояти «... Бозоргони Латифтабъ»-и Заҳирӣ омадааст.

Аз «Синдбоднома»-и Рӯдакӣ байти дигаре боқист, ки пас аз тасҳеҳе ба қарори зерин аст:

АспялеАспял – дузди асп омад он гоҳ нарм-нарм,
То барад мар аспро ӯ гарм-гарм (с. 139)

Ин байт дар Луғати фурс «(чопи Дабири Сиёқӣ с. 122) ва нашри Аббос Иқбол (с. 329) ба шакли» 3-асп яле омад он гаҳ нарм-нарм- То баранд аспаш ҳамон гоҳ гарм-гарм, дар «Осори Рӯдакӣ» (Сталинобод, 1958, с. 373) ба шакли «3-асп яллӣ» (?!) омад он гоҳ нарм-нарм – То баранд аспаш ҳамон гоҳ гарм-гарм сабт – шуда аст, ки дар ҳар ду маврид ҳам маънои он дуруст равшан нест. Фарз кунем, ки паҳлавоне аз асп ба оҳистагӣ фуруд омад, пас мувофиқи тақозои мантиқу таносуби калом зарурате набуд, ки дигарон аспи ӯро гарм-гарм, яъне бо чолокӣ бибаранд. Дар «Осори Рӯдакӣ» ин байт ғалат омадааст, ки аз асп бояд сифати паҳлавон «ялӣ не, балки худи «ял» фуруд биояд. Аслан дар тасҳеҳи ин байт зотан дуруст фаҳмидани маъноии он ба мо матни «Синдбоднома»-и Заҳирӣ мададгор шуд. Дар асари Заҳирӣ «Достони дузду шер ва ҳамдуна» ҳаст, ки мазмуни ба байти боло марбути он ин аст:

«Дар шабе торике дузд ба худ андешид, ки сӯи тавила равам ва аз чорпоён чизе ба чанг орам... Пас дар миёни чорпоён рафт. Ва он шаб низ боиттифоқ шере бо азме ишкор берун омада буд, ва дар пойгоҳи чорпоён рафта аз тарси посбон намеҷунбид... Дузд бо эҳтиёти тамом қадам бармедошт ва даст дар пушти чорпоён мениҳад, то кадом фарбеҳтар ёбад, барнишинад ва аз миён берун орад. Дар аснои ҷӯстуҷӯ даст ба пушти шер ниҳад, ба дасти ӯ аз дигар аспон беҳтар намуд ва фарбеҳтар омад. Барфавр пой дар пушти шер овард ва ба таъҷил аз миёни чорпоён берун ронд ва шер аз бими шамшери дузд равон гашт. Шаб торик буд. Дузд надонист, ки савори чӣ аст... Ба ҳаворӣ баромаданд. Оҳиста субҳ медамид. Дузд худро дар болои шер дид. Ҳар ду аз ҳам метарсиданд. Илоҷи ҷудоӣ набуд. Дар паҳноии дошт аз дур дарахте намуд. Дузд шерро сӯи он равон кард. Чун шер ба назди дарахт расид, дузд бо чолокие худро болои дархт гирифт. Ҳар ду аз тарси якдигар халос шуданд ва нафаси дарозе кашиданд» (с. 111-113).

Дабири Сиёқӣ дар поварақии «Луғати фурс» қайд мекунад, ки калимаи «аспял» маънои аспдузд-ро низ дорад. Ӯ дар исботи фикраш аз нусхаи дигари ин луғат байти номбурдаи Рӯдакиро овардааст. Аз ин ҷо натиҷа гирифтан мумкин аст, ки «аспдузд»-и Заҳрӣ шояд ҳамин «аспял»-и Рӯдакӣ бошад. Чунон ки мебинем, мазмуни лаҳзаи аз ҳикояти Заҳирӣ бо мазмуни байти Рӯдакӣ ҳамоно аз ҷиҳати тарзи амал ва вусъати воқеа мувофиқате дорад. Агар дар байти Рӯдакӣ «аспял нарм-нарм» яъне ба оҳистагӣ омада, аспро «гарм-гарм» (тез-тез ва ба зудӣ) бурданӣ бошад, дар ҳикояти Заҳирӣ чунин ҳолати амал бо ибораҳои «дузд бо эҳтиёти тамом қадам бар медошт ва даст бар пушти чорпоён мениҳод, то кадом фарбеҳтар ёбад. Барфавр пой дар пушти шер овард ва ба таъҷил аз миёни чорпоён берун ронд» ифода ёфтааст.

Дар «Симбоднома»-и шоир чаҳор байти парешоне ҳаст, ки зоҳиран аз назари мантиқи сухану вусъати рӯйдоди воқеият давоми бевоситаи якдигиранд. Бинобар ин мо байни ин абёт бо гузаштани се нуқта дар як ҷой паси ҳамдигар овардаем. Он абёт ба қарори зеринанд:

Пас шитобон омад инак пиразан,
Рӯй як сӯ, коғаКоға – содадил, танзада карда хештан...
Мардро наҳморНаҳмор – бисёр, бағоят хашм омад аз ин,
Ғовшанге бар каф овардаш ғазин...
То ба хона бурд занро бо дилом,
Шодмона зан нишасту шодком...
Андар омад мард бо зан чарб-чарб,
Гандапир аз хона берун шуд ба тарбТарб – макру ҳилла, тазвир.

Мазмун, вусъати воқеа ва образҳои ин абётро дар достони «Гандапир ва марди ҷавон бо зани баззоз»-и Захирӣ дугар омадаем. Дар хикояти Захирӣ мазмуни достон мухтасаран ба тариқи зайл аст: Ҷавоне дар атрофи шаҳр сайр мекард. Дар аснои сайр аз дари хонаи моҳрӯе гузашт. Назараш ба ҷамоли ӯ афтод ва ошиқи беқарор гардид. Дар ҳамсоягии ҷавон пиразане буд, ки ба макр дасти иблис мебаст. Гандапир аз аҳвол огаҳ шуд ва ба ҷавон маслиҳат дод, ки шавҳари он зан баззоз аст, фардо аз вай ҷомаи атласе бихар ва гӯй, ки «ҷома аз барои дӯсте мехарам» Пас дар назди баззоз ҷомаро ба ман деҳ ва гӯй, ки «ин ҷома ба хонаи дусти мо расон …» то баъд аз он чӣ татбир ояд…

Ҷавон рӯзи дигар гуфтаҳои гандапирро иҷро кард. «Гандапир ҷомаро баргирифт ва ба хонаи баззоз рафт ва ба зани ӯ салом гуфт ва ҳол пурсид ва муҳаббату ихлосмандии занро нисбат ба худ маҳкаму мустаҳкам гардонид… Ва макру афсун бар ӯ медамид ва дар миёни он хӯрданӣ хост. Зан ба такаллуфи он машғул шуд ва замоне таваққуф дар миён афтод. Гандапир ҷома дар зери болиш ниҳод. Ва чун чизе бихӯрд, берун рафт. Зани баззоз аз макру ҳилаи ӯ ғофилу бехабар буд». Ин лавҳаро ба байти аввал мансуб донистем.

Чун баззоз бегоҳ ба хона омад, ба чашмонаш атрофи болиш дигаргун намуд. Нигоҳ карда дид, ки ҷомаи бомдод фурӯхтааш бегоҳ дар хонаи худ аст. Гумон кард, ки «ҷома аз барои хонаи ман харидаанд ва он ҷавон худ ошиқи аруси ман будааст. Аз ин гумонҳову хаёлҳо бар хотираш мегузашт, чандон, ки мардро сафро биҷӯшиду савдо ғалаба кард, чӯбе баргирифт, пушту паҳлуи зан дарҳам шикаст ва адабаш хуб ба ҷой овард»… Ин лавҳаро ба байти дуюм мансуб медонем.

Зани баззоз баъди ин рӯйдод ранҷида, ба хонаи падар рафт. Рӯзи дигар гандапир аз воқеа хабар ёфт ва ба назди зани баззоз шитобид ва зан ба ӯ моҷарои гузаштаро нақл кард. Гандапир ба макр тадбире андешида, ба зан маслиҳат дод, ки дар фалон ҷой ҳакиме ҳаст басо доно ва бояд ӯ илоҷе намояд. Зан бо гандапир сӯи ҳаким шитофтанд. Чун онҳо ба назди хонаи ҳаким расиданд, гандапир занро дар роҳ гузошта ва худ назди ҷавон рафт ва мужда дод, ки ӯ тайёр бошад. Чун ин хабарро расонд, он гоҳ наздики зани баззоз рафту гуфт: «Хез, то ба толеи неку фоли фархунда ба назди ҳаким равем. Пас бар ваъдае, ки ниҳода буд, ба хонаи ҷавон омаданд ва замоне ғаму шодӣ гуфтанд ва бисоти дӯстӣ бигустурданду пардаи бегонагӣ аз миён бардоштанд. Ва чун соате баромад, гандапир бо баҳонае аз хона берун омад ва ҳар дуро дар хона бо осоишу хилват бигузошт. Ин лавҳаро бо ду байти охир мансуб медонем. (с. 120-126).

Аз муқоисаи матни абёти Рӯдакӣ ва «Синдбоднома»-и Заҳирӣ бар меояд, ки инкишофу ривоҷи ҳодисаи ошиқ шудани ҷавон ба моҳрӯе, макру ҳилаҳои гандапир, бо бадгумонӣ «ғовшанге ба даст овардани мард» (дар Рӯдакӣ) ва бо «чӯбе пушту паҳлӯи зан шикастани баззоз» (дар Заҳирӣ), «то ба хонаи ҷавони ошиқ занро бурдани гандапир» (дар Рӯдакӣ), «дар хонаи ҷавон ба танҳои бо ӯ унс гирифтани зани баззоз» ва «аз хонаи ҷавони ошиқ ба тарб берун рафтани гандапир» ва амсоли инҳо дар «Синдбоднома»-ҳои Рӯдакию Заҳирӣ бо ҳам мувофиқати тамом доранд. Аммо дар абёти Рудакӣ ин воқеаҳо ба таври парешону лавҳа-лавҳа ва дар Заҳирӣ аз аввал то паёни воқеяҳо ба таври комиле баён гардидаанд. Шояд ин воқеаҳо дар «Синдбоднома»-и Рӯдакӣ низ аз оғоз то интиҳо (тибқи тағйири қонунияти сюжет) ба таври мукаммалу комиле омода бошанд. Албатта, дар ин нуқта сухани мо ба таври қатъӣ набуда, балки тахминию тақрибӣ мебошанд. Вале ин нуқта мусалам аст, ки бо ёрии муқоисаи чунин лавҳаю нуқтаҳои ҷолиб тасаввуроту дониши мо ҷиҳати мазмуну мундариҷа, персонажу образ ва маҳорати адабию бадеии Рӯдакӣ дар мавриди маснавии «Синдбоднома» мукамалу ғанитар хоҳад шуд.

Ба мазмунун ва амали образи байти зерини Рӯдакӣ таваҷҷӯҳ намоед:

Кард рӯбаҳ юзворӣ як зағандЗағанд – бонги ҳайвони дарранда,
Хештанро з-он миён берун фиканд (с. 140).

Мазмун ва амалӣ образи ин байт бо тарзи амал ва рафтори як лаҳзаи рӯбаҳи айёри «Достони рӯбаҳу кафшгар ва аҳли шаҳристон»-и «Синдбоднома»-и Заҳирӣ мувофиқати том дорад, ки мазмуни мухтасари он ин аст: Рӯбаҳе ҳар шаб ба хонаи кафшгаре даромада чармҳои ӯро мехӯрд. Кафшгар ба дод омада, шабе назди рахнаи рӯбаҳ истод. Чун рӯбаҳ аз рахна ба шаҳристон даромад, кафшгар рахнаро маҳкам кард ва чӯб ба даст гирифт ба хона омад. Рӯбаҳ ӯро дида гурехт ва рахнаро баста дид. Рӯбаҳ ҳилае ба кор бурда худро мурда сохт. Чун кафшгар ба назди рӯбаҳ расид, ӯро мурда бидид ва чанд чӯб ба пушту паҳлӯи рӯбаҳ зада ба хона рафт. Рӯбаҳ фикр кард, ки ҳоло дарҳои шаҳристон баста ва рахна устувор аст ва то субҳ, ки дарҳои шаҳристон боз шаванд, ин ҷо бимонад. Субҳ мардум аз хонаҳо берун баромада диданд, ки рӯбаҳе мурда хуфта аст. Яке аз онҳо мегӯяд, ки ҳар кас забони рӯбаҳ бо худ дошта бошад, саг ба вай бонг намезанад, гӯё забони рӯбаҳ буриданӣ шуд. Монанди ҳамин, дигаре думи рӯбаҳро буриданӣ мешавад ва дигаре гӯшу дандони рӯбаҳро гирифтанӣ мешавад. Ниҳоят, нафари дигаре агар касеро дил дард кунад, дили рӯбаҳ бирён карда бихӯрад, гӯён шиками рӯбоҳ чок кардан хост.

Рӯбаҳ ба худ андешид: «Акнун ҳангоми рафтан ва сари хеш гирифтан аст, то кор ба думу гӯшу ба дандону забон буд, сабр кардам, акнун корд ба устуғону кор ба ҷон расид, таъхиру таваққуфро маҷол намонд ва аз ҷойи хеш барҷасту ба тоз аз дари шаҳристон берун рафт» (с. 165-168).

Тафувут дар миёни лавҳае аз байти Рӯдакӣ ва лаҳзаи охирини тасвири Зоҳирӣ он аст, ки дар байти Рӯдакӣ «рӯбаҳ ба монанди ҳайвони даррандаи юзи (зюворӣ) бонге зада»-аст ва дар навиштаи Заҳирӣ «вай аз ҷойи хеш барҷаста ба тоз аз дари шаҳристон берун рафта»-аст. Заҳирӣ аз Рӯдакӣ андаке дуртар рафта аст, ҳақиқати тасвир ва сюжети ӯро нигоҳ надоштааст. Ба ин тариқ, Заҳирӣ як нав ба таври мухтор амал кардааст. Чунин муносибати адибон ба асари якдигар комилан ҳақиқати айнӣ ва таҷрибаи санҷидае аст.

Байти дигари пойинеро дар «Синдбоднома»-и Рӯдакӣ мутолиа мекунем:

Обканде дуру бас торик ҷой,
Лағж – лағжон чун дар ӯ бинҳод пой (с. 140)

Мазмуну рафтори қаҳрамони ин байтро аз ҳикояти «Козару писар ва гирдоб»-и «Синдбоснома»-и Заҳирӣ дучор намудем. Дар баёни Заҳирӣ аввалу охири ҳикоят ба тафсилтар аст. Музмуни воқеӣ ва хаттӣ ҳаракати он ба қарори зерин аст: «Козар бар лаби ҷӯё бузург ҷома шустӣ ва дар ин ҷӯй гирдобҳои амиқ ва обгирҳои жарф буд ва пайваста дар ӯ селобҳои қавӣ рафтӣ». Писари козар, ки бачаи гапнодаро буд, суханони модарро гӯш нокарда, ба дарунтари обканд рафт. Дар ин ҳангом ӯ, лағжида афтод ва ба дами гирдоб рафта ғарқ гардид. (с. 114-116). Чунон ки мебинем, агар дар байти Рӯдакӣ «обканд дур ва ҳангоми шустани ҷомаҳо ҳаво торик бошад, дар тасвири Заҳирӣ козарписари якраҳа ва гапнодарои модар «дар лаби ҷӯё бузургу гирдоби амиқ ва обгири жарфу селобу қавӣ ҷома» шудааст. Бо вуҷуди ин тафовути ҷузъӣ, воқеаи ҷома шустани козарписар барои ҳарду муаллиф умумӣ ва муштарак аст. Шакке нест, ки дар ин маврид навиштаҳои устод Рӯдакӣ барои Заҳирии Самарқандӣ таъсиргузори бевосита гардидааст.

Ба шаҳодати мавзӯи мавриди баҳс, сохтмони банду басти риштаи воқеаи ҳикоят метавон ҳадс зад, ки дар тасвири устод Рӯдакӣ низ ба баёни тафсилоти ҷома шустани козарписар, бузургии ҷӯй, гирдоби амиқ ва обгирҳои (обкандҳо) жарфу солоби қавӣ»-и Заҳирӣ шояд хеле наздик ва басе монанд бошанд. Чунки дар асарҳои ҳамноти дар пайравии ҳамдигар гуфтаи адибон риштаи сюжет ва сохтмони шакли асосии онҳо бо ҳам хеле наздик ва шабеҳ ҳастанд.

Ба ин тариқ, ҳадафи асосии мо аз бозсозии абёти парешони «Синдбоднома»-и Рӯдакӣ ба восита ва ёрии асари ҳамноми Заҳирии Самарқандӣ як навъ нишон додани ҷою мақом, мазмуну мундариҷаи аввалу охир ва ба навъе ошкор сохтани шакл ва тору пуди ҳамин абёти парешон буд. Ба ин васила муаллифи ин сатрҳо мехост, ки доираи тасаввурот, дарку биниш ва дониши аҳли таҳқиқ доир ба мазмуну мундариҷа ва маҳорати адабию бадеии устод Рӯдакӣ дар ин асар андаке комилу ғанитар бошад.

Он чи ки медонем, аз «Синдбоднома»-и Рӯдакӣ ҳоло муҳақиқон 41 (чиҳилу як) байти парешони ӯро гирд овардаанд. Аз ин теъдод муаллифи ин сатрҳо 24 (бисту чор) байти онро як навъ бозсозӣ нашуд. Ҳоло 17 (ҳабдаҳ) байти парешони дигаре ҳаст, ки мувофиқи мазмун, хатти ҳаракати персонажҳо ва тасвири образҳо бо тахмину тақрибҳо низ дар куҷои кадомин достон ва ё ҳикоятҳои Зоҳирӣ ҷой гирифтани онҳо алҳол ба мо муяссар нагардид.Чунончи ду байте аз ҷумлаи он абётро дар поин бо баъзе ташреҳот дарҷ менамоем:

Кори молида бад-ӯ густохГустох-далер, таъсир гузор шуд,
Дар дурустӣ омаду дарвохДарвох – сиҳат шудан шуд (с. 142)

Дар ин байт шоир гуфтааст, ки ба бемор кори молида (дору) таъсир карда ва ӯ сиҳату далер (густох) гардид.

Дар байти зерин персонажи асари Рӯдакӣ ба шахси валинеъмате изҳори минатдорӣ кардааст:

Аз ту дорам ҳар чӣ дар хона ханурХанур - зарфи равған
В-аз ту дорам низ гандум дар канурКанур - ҷамбаи арду гандумгоз

Яъне дар хонаи ман пур шудани ҳар зарфи равғану ханбаи гардум аз шарофату меҳрубониҳои ту буд.

Ба ин тариқ, бо чунин тартибу раҳёфти тоза бозсозқ кардани абёти парешони осори ҳамном ва дар як мавзӯъ офаридаи адибони бузурги гузаштаи мо дар роҳи ҳарчқ мукаммалтар дарку фаҳмиши онҳо муҳаққиқонро ба хулосаҳои нав хоҳад овард.

ФЕҲРИСТИ МАНОБЕЪ

  1. Asides neupersisches Waterbuck Luqhat-I Furs von Paul Horn, Berlin, 1897.
  2. Саъид Нафисӣ. Аҳвол ва ашъори Абӯ Абдуллоҳ Ҷаъфар бинни Муҳаммади Рӯдакии Самарқандӣ, ҷ. сеюм, Теҳрон, 1319.
  3. Бертельс Е.Э. История персидеко – таджикской литературы, 1960, с. 140-143.
  4. Ҳусейнзода Шарифӣон. Сухансарои Панҷрӯд, Сталинобод, 1958
  5. Осори Рӯдакӣ. Бо муқаддима ва таҳрири А. Мирзоев, Сталинобод, 1958, с. 313.
  6. Асадии Тусӣ. «Луғати фурс, ба кӯшиши Муҳамад Дабири Сиёқӣ, Теҳрон, 1356; ҳамон асар, ба кӯшиши Аббос Иқбол, Теҳрон, 1319.
  7. Заҳирии Самарқандӣ. «Синдбоднома», бо таҳрир ва талхиси Ҷ. Азизқулов, Душанбе: Ирфон, 1971, с. 24-36. Минбаъд саҳифаҳои «Синдбоднома» мувофиқи ҳамин нашр гузошта мешавад.
  8. Осори Рӯдакӣ. Бо муқаддима ва таҳрири А. Мирзоев, Сталинобод, 1958, С. 315-520.
  9. Рӯдакӣ. Шеърҳо бо мақаддима ,тартиб ва тавзеҳи Усмон Каримов ва Садрӣ Саъдиев, Душанбе: Ирфон, 1947 с. 137. Минбаъд истинодҳои абёти парешони Рӯдакӣ аз ҳамин нашр хоҳад омад.
  10. Муҳаммад бинни Алӣ бини Муҳаммади Заҳирии Самарқандӣ. «Синдбоднома» бо кӯшиши Аҳмад Оташ, Истамбул, 1948.
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ