Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Интишорот

АШЪОРИ РӮДАКӢ ДАР «ТАЪРИХИ БАЙҲАҚӢ»

Муаллиф: Сайфуллоҳи МУЛЛОҶОН

Зи шоир зинда мемонад ба гетӣ ном шоҳонро,
Фуруғ аз Рӯдакӣ дорад чароғи дудаи Сомон.

Ибни Ямин

Агар ба авомили муҳаббати беандозаи тоҷикону форсизабонон нисбат ба дудмони сомонӣ ишора намоем, бешак яке аз ин ангезаҳо шоирпарварӣ ва аз ҷумла гиромидошти Рӯдакӣ(858-941) дар замони истиқрори ҳукумати эшон бар Хуросон аст. Амирони бокарами сомонӣ хуб дарк карда буданд, ки:

Ҷовидон монад карим, аз мадҳи шоир зинданом,
З-ин бувад шоирнавозӣ одату расми киром.

Дар баробари ин ҳама қадрдонӣ Рӯдакӣ ҳам, умарои ин хонаводаро ситоиш ва вузарову аъёни даргоҳи сомониро мадҳи зиёд гуфтааст ва номи эшон бар лавҳи рӯзгор нигоштааст ва дар сафи некномони таърих гунҷонидааст. Шоире инсофан ин воқеъиятро баён дошта, мефармояд:

Аз он чандон наими ҷовидонӣ,
Ки монд аз Оли Сомон в- Оли Сосон,
Санои Рӯдакӣ мондаасту мидҳат,
Навои Борбад мондаасту дастон.

Рӯдакӣ аз машҳуртарин шуарои адабиёти форсӣ буда, барҳақ «султони шоирон» ва «одамушшуарро» унвон гирифтааст. Шахсияти Рӯдакӣ ниёз ба тавзеҳ надорад ва бештари шоирони форсигӯй ашъори ӯро тазмин ё мазмунҳои ӯро такрор намудаанд. Муаррихони гузашта низ ҳар кадоме мақоми воло ва ҷойгоҳи рафеъи варо тазаккур додаанд. Муаллифи асари «Роҳатус-судур ва ояту-сурур» Ровандӣ, ки ба салтанати Салҷуқиён(1040-1190) бахшида шудааст, менависад, ки шоири ҷавоне хидмати Сайид Ҳасани Ғазнавӣ шоири маъруф расид. Сайид Ҳасан ӯро дар ҷодаи шоирӣ роҳнамоӣ карда, аз ҷумла ҷунин насиҳат мекунад: «аз шеъри Саноӣ ва Унсурӣ ва Муиззиву Рӯдакӣ иҷтиноб кун, ҳаргиз нашнавӣ ва нахонӣ ки он табъҳои баланд аст, табьи ту бибандад ва аз мақсуд боз дорад».1 Ин гуфтори шоир ҳарчанд аҷиб аст, аммо ҳикоят аз баландмақомии Рӯдакӣ дорад.

Ба навиштаи Саид Нафисӣ Рӯдакӣ роҳбаре тавоно буд, ки роҳро бар Дақиқӣ ва Касоӣ ва Фирдавсӣ кушуд ва муҳандиси ҳунарманде буд, ки хонаи ҷовидони Унсурӣ, Фаррухӣ, Асҷадӣ, Мунҷик ва Носири Хусравро пояи устувор ниҳод.(2)

Аммо ин шӯҳрат, зиндагӣ ва осори гаронбаҳои шоирро зери шуъо қарор дода, рӯзгор ҳам ба мероси ӯ тараҳҳум накардааст. Агар як қарн пас аз гузаштани Рӯдакӣ шеъри ӯро «баршумурда», як миллиону сесад ҳазор гуфта бошанд ( Рашидии Самарқандӣ) пас аз чанд аср аз ин ҳама танҳо ҳазору анд байте барҷой мондааст. Осори боқимондаи Рӯдакиро асосан тазкираҳо ва фарҳангҳо ёдовар гашта, баъзе абёти онро шоирони баъдӣ тазмин кардаанд ва манбаи саввуми ашъори парокандаи одамушшуаро таърихҳои бо забони форсӣ нигошта шуда мебошанд. Аз ҷумла дар «Таърихи Масъудӣ» «Таърихи Сиистон» «Таърихи Гузида», «Ҳабиб-ус-сияр» «Таърихи нигористон», ба муносибатҳое аз ашъори Рӯдакӣ порчаҳои шеърӣ оварда шуда аз баракати ин китобҳо абёти шоир то ба рӯзҳои мо расидааст. Аз ҷумла машҳуртарин қасидаи Рӯдакӣ «Модари май»-ро муаллифи гумноми «Таърихи Сиистон» дар асри хеш ҷой дода ва ин қасида тавассути ин таърих дастраси мо гардидааст.

«Таърихи Масъудӣ «-и ки бештар бо исми муаллифи бузургвораш – Байҳақӣ ба «Таърихи Байҳақӣ» шӯҳрат дорад, муҳимтарин китоби таърихӣ ва аз осори беназири барҷоймондаи насри форсӣ маҳсуб мешавад. Ин ганҷи бебаҳо, ки яке аз нахустини осори таърихии пас аз давраи исломии мо мебошад, аз ду ҷиҳат ҷойгоҳи воло дорад, яке насри шевои форсӣ ва дигаре сабки воқеънигории таърихӣ. Байҳақӣ умри азизи хешро дар хидмати дарбори Ғазнавиён сипарӣ карда, шоҳиди яке аз ошуфтатарин давраҳои таърихи халқи тоҷик мебошад. Ӯ дар яке аз муҳимтарин мақомоти давлатии Ғазнавиён- девони рисолат ба сифати дабир адои вазифа мекард.Шуғли дабирӣ дар ин аҳд аз аҳамияти бузурге бархурдор буда, ашхосе ба ин мартаба баргузида мешудаанд, ки «адаби нафс»ва «адаби дарс» дошта, «арабидон ва некӯхат» бошанд. Байҳақӣ шоҳиди футуҳоти Маҳмуд, ва нозири дасисаҳои дарбори Масъуд гардида, пас аз истеъфо додан аз ин вазифа бо нигоштани таърихи «хонаводаи бузурги» ғазнавӣ мепардозад. Ин таълифот дар манобеъи гуногун бо номҳои мухталиф ёдварӣ гашта, ба таври кулӣ «Таърихи Оли Сабуктегин» номида шудааст. Аммо дареғо, ки ин навиштаҳои равон, насри дилчасп ва он ҳама маънии баланд аз газанди рӯзгор эмин намонда, танҳо қисмҳои ба салтанати Масъуд бахшидаи асари Байҳақӣ(ҷилдҳои 5-10) барҷой мондааст. Перомуни мазоёи фаровони ин таърихнома метавон зиёд гуфт, аммо чанд вижагии он мухтасар иборат аст аз:

  1. Забони мутадовили асри Ғазнавиён аз баракати ҳамин асар дастраси ворисон гардидааст.
  2. Байҳақӣ фанни таърихнигории илмии тоҷикро поягузорӣ карда, беш аз ҳар муаррихи дигар диққати назар дошта асолати услуби илмиро риоят фармудааст.
  3. Байҳақӣ таърихашро бо оёти қуръонӣ, аҳодиси набавӣ, амсолу ҳикмат ва ашъори фаровони тозиву форсӣ ороста, ки асарро арзиши баланди адабӣ ҳам додаст.

«Яке аз хусусияти бориз ва қобили таваҷҷуҳи шоҳкори Абулфазли Байҳақӣ ҳамроҳ сохтани таърих бо шавоҳид ва амсоли шеърӣ ва ҳикоёту қасаси берун аз ҳодисаи таърихӣ барои ширин сохтани таърих мебошад, ки хонандаро масҳур мекунанд».(2) Байҳақӣ ки худ марде фозил ва адибе донишманд буда, шеъри нағз низ сурудааст, дар ҷое аз асар зимни нақли ашъоре чунин мегуяд:

«Акнун қасидае бибояд гуфт ва он гузаштаро ба шеър тоза кард,то таърих бад-он ороста гардад».4 Дар осори таърихии замони Байҳақӣ ва қабл аз он (чун «Зайн-ул-ахбор») овардани шеър чун шоҳиди маъно чандон роиҷ нест, вале Байҳақӣ баҳри исботи муддаъои хеш ва бештар панду ибрат додан ба хонандааш ба ҳар муносибате таърихашро бо абёти пурмазмун зевар мебахшад. Байҳақӣ ҷамъан дар таърихи худ сесаду бисту як шеър оварда, ки асосан дар мавориди панду андарз ва беэтибории дунё суруда шудаанд. Байтҳое аз шоирони арабизабон ҳам, ки маънии баланд дошта, бо фасоҳати хеш фарқ мекунанд, дар асри мазкур зикр шудаанд. Ашори Рӯдакӣ, Лабибӣ, Дақиқӣ, Маъруфи Балхӣ, Унсурӣ, Абутаййиби Мусъабӣ, Абуҳанифаи Аскофиро Байҳақии дабир дар-таърихи хеш истифода бурдааст ва ҳатто шоиреро фармоиш дода, ки барои мавзӯи муаяне қасида созад ва каломи ӯро тақвият бахшад.

Аз баракати ин аср чанд байти одамушшуаро то ба рӯзгори мо расида, дар ҳеҷ манбаи дигар такрор намешаванд. Яке аз далелҳои бештар аз Рӯдакӣ овардани байтҳои пурмазмун, бешак забонзади хосу ом будани мероси адабии ӯ ва дар рӯзгори Байҳақӣ буда ва зиёд мазмуни панду насиҳат доштани ашъори вай мебошад. Носири Хусрав, ки ба замони Рӯдакӣ хеле наздик аст, ин воқеъиятро дар шеъраш чунин тавсиф мекунад:

Ашъори зуҳду панд басе гуфтаст,
Он тирачашм шоири рӯшанбин.
Он хондаӣ, бихон, сухани ҳуҷҷат,
Рангин ба ранг маънии пандогин.

Нахустин зикре аз Рӯдакӣ ва осори ӯро Байҳақӣ дар ҷилди панҷуми таърихаш овардааст. Пас аз баёни ҳикояти амир Али Қариб-яке аз акобири дарбори Ғазнин, ки пас аз даргузашти Маҳмуд писари хурдии ӯ Муҳаммадро аз Гузгонон ба Ғазнин даъват карда, ба ҷои падар бар тахти салтанат нишонд, Байҳақӣ сарнавишти накбатбори ӯро тасвир карда, ки бо ишораи султон Масъуд, зиндонӣ ва ба қатл расонида мешавад. Баъд аз нақши достони ҳузнангези ин мард Байҳақӣ чунин оварда аст: «ин аст Алӣ ва рӯзгораш ва қавмаш, ки ба поён омад ва аҳмақ касе бошад, ки дил дар ин гетии ғаддори фирефтакор бандад ва неъмату ҷоҳу вилояти ӯро ба ҳеҷ чиз шумурад. Ва устод Рӯдакӣ гуфтааст ва замонаро нек шинохтааст ва мардумонро бад-ӯ шиносо карда:

Ин ҷаҳон пок хуб кирдор аст,
Он шиносад, ки дил-ш бедор аст.
Некии ӯ ба ҷойгоҳи бад аст,
Шодии ӯ ба ҷои тимор аст.
Чӣ нишинӣ бад- ин ҷаҳон ҳамвор,
Ки ҳама кори ӯ на ҳамвор аст.
Дониши ӯ на хубу чеҳраш хуб,
Зишткирдору хубдидор аст.»(5)

Байҳақии дабир мисли муарихони дигар, ки саҳифаҳои таърихро барои хушомади подшоҳони аср оростаанд, воқеъанигорӣ накарда, ҳамчун муаллими андарзгӯй дарсҳои ибратбахши таърихро бо зикри сабаб ва натиҷаҳои он баён медорад ва умедвор аст, ки хонанда аз навиштаҳояш панд мегирад.

Яке аз достонҳои фоҷеаомези «Таърихи Байҳақӣ» зикри бар дор кардани амир Ҳасанаки вазир аст, ки муаллиф дар он доди сухан дода, бо насри фасеҳ фарҷоми кори вазири мабуби Маҳмудро ба қалам додаст. Бо дасисаи Бусаҳли Зӯзанӣ, ки ба қавли Байҳақӣ марде адиб, шоир ва донишманд буда, шарорат ҳам доштааст, дар вақташ барои Ҳасанакро мадҳия ҳам сурурда, амир Масъудро водор месозад, ки Ҳасанакро ба дор мекашанд ва ҷурми ӯро «қарматӣ будан» медонанд. Байҳақӣ қиссаи мазкурро бо абёте аз Рӯдакӣ чунин ҷамъбаст менамояд: «Ин аст Ҳасанак ва рӯзгораш ва гуфтораш, раҳматуллоҳ алайҳ, ва агар замину оби мусулмонон ба ғасб бистуд на замин монду на об ва чандон ғулому зиёъ ва асбобу зару сим ва неъмат ҳеҷ суд надошт.Ӯ рафт ва ин қавм, ки макр сохта буданд, низ бирафтанд, раҳматуллоҳ алайҳим ва ин афсонаест бо бисёр ибрат ва ин ҳама асбоби мунозиъат ва муковиҳат аз баҳри ҳитоми дунё ба як сӯй ниҳоданд, аҳмақ мардо, ки дил дар ин ҷаҳон бандад, ки неъмате бидиҳад ва зишт бозситонад». Рӯдакӣ гӯяд:

Ба сарои сипанҷ меҳмонро,
Дил ниҳодан ҳамешагӣ на равост.
Зери хок андарун-т бояд хуфт,
Гар чӣ акнун-т хоб бар дебост.
Бо касон буданат чӣ суд кунад,
Ки ба гӯр андарун шудан танҳост.
Ёри ту зери хок мӯру магас,
Бадали он ки гесуват пирост.
Он ки зулфайну гесӯват пирост,
Гар чӣ динор дирам-ш баҳост.
Чун туро дид зардгуна шуда,
Сард гардад дилаш нобиност.(6)

Байҳақӣ дар ҷараёни «рондани «таърих пас аз марги Маҳмуд аз зидияти ду гурӯҳи дарбори Ғазнавиён «падариён» ва «писариён» сӯҳбат карда, аз тавтиъа ва ихтилофоти фаровон, ки муҷиби суқути ашхос мегашт, гузориш медиҳад. Яке аз чунин афрод сипаҳсолор Асиғтегин(Асафтегин)-и ғозӣ буд, ки гирифтор ва зиндонӣ мегардад. Пас аз баёни кори ин чеҳраи намоёни дарбори Ғазнин Байҳақӣ хонандаро аз нопайдориву бевафогии дунё огоҳ сохта мегӯяд: «хирадманд он аст, ки ба неъмате ва ишвае, ки замона диҳад, фирефта нашавад ва бар ҳазар мебошад аз бозситудан, ки сахт зишт ситонаду бемуҳобо ва дар он бояд кӯшид, ки озодмардонро истиноъ кунад ва тухми некӣ бипароканад ҳам ин ҷаҳонӣ ва ҳам он ҷаҳонӣ, то аз вай номи некӯ ёдгор монад… Ва Рӯдакӣ низ некӯ гуфтааст:

Меҳтарони ҷаҳон ҳама мурданд,
Маргро сар ҳама фурӯ кардаанд.
Зери хок андарун шудаанд онон,
Ки ҳама кӯшкҳо баровардаанд.
Аз ҳазорон – ҳазор неъмату ноз,
На ба охир ба ҷуз кафан бурдаанд,
Буд аз неъмат он чӣ пӯшиданд,
В-он чӣ додаанд в-он кӯҷо хӯрданд.(1)

Абулфазли Байҳақӣ таърихи худро дар поёнӣ умр нигошта аз ағлаби ашхоси дарбор, ки ҳамроҳи онҳо дар хидмат қарор дошт ва ҳангоми навиштани асар аз дунё рафта буданд, ба некӯӣ ёдовар мешавад. Аммо нисбат ба устоди худ Абунасри Мушкон ва вазир Ҳасани Маймандӣ эҳтироми бештар дорад. Бо шунидани хабари даргузашти ин вазир Байҳақӣ менависад, ки «ба марги ин мӯҳташам шаҳомату диёнат ва кифояту бузургӣ бимурд». Сипас муаррих забон ба насиҳат кушода, дар поён бо мисраҳои Рӯдакӣ каломашро ҷамъбаст месозад: «ин ҷаҳони гузарандаро хулуд нест ва ҳама бар корвонгоҳем ва паси ядигар меравем ва ҳеҷ касро ин ҷо мақом нахоҳад буд, чунон бояд зист, ки пас аз марг дуои нек кунанд. Ва ба аҷаб бимондам аз ҳирсу муноқишат бо якдигар ва чандин визру вубол ва ҳисобу табъат ки дарвеши гурусна дар меҳнату заҳир ва тавонгар бо ҳама неъмат чун марг фароз ояд аз якдигар бозашон натавон шинохт, мард он аст, ки пас аз марг номаш зинда бимонад, Рӯдакӣ гуфта:

Зиндагонӣ чӣ кӯтаҳу чӣ дароз,
На ба охир бимурд бояд боз.
Ҳам ба чанбар гузор хоҳад буд,
Ин расанро агар чӣ ҳаст дароз.
Хоҳӣ андар инову шиддат зӣ,
Хоҳӣ андар амон, ба неъмату ноз.
Хоҳӣ андактар аз ҷаҳон бипазир
Хоҳи аз Рай бигир то ба Тироз.
Ин ҳама боди дев бар ҷон аст,
Хобро ҳукм не, магар ки маҷоз.
Ин ҳама рӯзи марг яксонанд,
Нашиносӣ зи якдигарашон боз.(8)

Охирин мавриде, ки ашъори нағзи Рӯдакӣ дар «Таърихи Байҳақӣ» оварда шуда, ба муносибати фавти устоди Байҳақӣ, соҳибдевони рисолати Ғазнавиён Бунасри Мушкон мебошад. Нақши Бунаср дар тарбия ва таъолии Абулфазл хеле бузург буда, ӯро азизтар аз фарзандон дошта, нӯздаҳ сол таҳти ҳимояти худ ба хидмати дарбор гумоштааст. Байҳақӣ «қаламро лахте бар вай гирёнда», аз фазоили ин марди некном мукаррар ёд менамояд ва бо зикри абёте аз Рӯдакӣ худро ба марги устодаш тассало медиҳад. Ин аст он ашъор:

Эй он ки ғамгину сазоворӣ,
В-андар ниҳон сиришк ҳамеборӣ.
Аз баҳри он куҷо бибарам номаш,
Тарсам зи сахт андуҳ дӯшворӣ.
Рафт он ки рафт, омад он к-омад,
Буд он-чӣ буд, хира чӣ ғам дорӣ.
Ҳамвор кард хоҳӣ гетиро,
Гетист кай пазирад ҳамворӣ.
Мустӣ макун ки нашнавад ӯ мустӣ,
Зорӣ макун ки нашнавад ӯ зорӣ.
Шав то қиёмат ояд зорӣ кун ,
Кай рафтаро ба зорӣ боз орӣ.
Озор беш бинӣ з-ин гардун,
Гар ту ба ҳар баҳона биёзорӣ.
Гӯй гумоштаст балои ӯ,
Бар ҳар ки ту бар ӯ дил бигморӣ.
Абре падид неву кусуфу не,
Бигрифт моҳу гашт ҷаҳон торӣ.
Фармон кунӣ ва ё накунӣ тарсам,
Бар хештан зафар надиҳӣ борӣ.
То бишканӣ сипоҳи ғамон бар дил,
Он беҳ ки май биёриву бигсорӣ.
Андар балои сахт падид ояд,
Фазлу бузургвориву солорӣ.(9)

Ҳамин тавр Байҳақии муаррих асари нотакрори хешро бо ашъори арабиву форсӣ ороста, аз баракати ин асар абёти гумшудаи Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Аскофӣ ва чанд шоири дигар маҳфуз мондааст. Аз ҳазору анд байте, ки имрӯз дар девони Рӯдакӣ ҷамъ омада, дар мансуб будани баъзе аз он ба шоир тардид аст, вале бо иддао метавон ашъори аз одамушшуаро овардан Байҳақиро танҳо ба худи шоир нисбат дод. Зеро Байҳақӣ дар авохири замони Сомониён ба дунё омада, парвардаи он муҳит аст ва дигар ин ки дар нигоштани таърих ниҳоят дақиқназар ва пайбанд ба асолати руйдодҳову омилони он.

КИТОБНОМА:

  1. Ровандӣ. Роҳатус-судур ва оятус-сурур. Тасҳеҳи М. Иқбол. Теҳрон, 1361.-с291.
  2. Саид Нафисӣ. Муҳити зиндагӣ ва аҳволу ашъори Рӯдакӣ. Теҳрон, Амири Кабир,1382.-с.5.
  3. Зиёуддини Саҷҷодӣ. Таҳқиқ дар ашъор ва амсоли форсии Таърихи Байҳақӣ. //Ёдномаи Абулфазли Байҳақӣ. Машҳад, 1374.-с.273.
  4. Таърихи Байҳақӣ. (Бар асоси нусхаи Ғанӣ- Файёз, ва нусхаи Адиби Пешоварӣ ва нусхаи Файёз) Муққадима ва тавзеҳоти Манучеҳри Дониш пажӯҳ.- Теҳрон, Ҳирманд, 1376.-с.197.
  5. Девони Носири Хусрави Қубодиёнӣ.Таҳия ва феҳрасти НасруллоҳТақавӣ,Теҳрон, 1329-с.139.
  6. Таърихи Байҳақӣ.-с.103.
  7. Ҳамон ҷо. -с.290.
  8. Ҳамон ҷо. -с.379.
  9. Ҳамон ҷо.-с.552-553.
  10. Ҳамон ҷо.-с.911.
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ