Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Интишорот

ТАҶАССУМИ СИМОИ РӮДАКӢ ДАР САҲНА

Муаллиф: Баҳори ХУРРАМЗОД

Драмаи таърихии тоҷик чун жанри мустаӣили драматургияи миллӣ дар арзи даҳсолаҳо роҳи номунтазами ташаккулу инкишофро тай намуд ва имрӯз метавон гуфт, ки дар он ҷанбаи ахлоқию эстетикӣ ва зуҳуроти суннатҳои миллӣ ӣавитар гардид ва ба ҷузъи назарраси тамаддуни мо табдил ёфтааст.

Фарогирии эстетики воқеияти таърихӣ, дарки фалсафии зиндагии маънавии инсон дар драматургияи тоҷик аз дроми «Рӯдакӣ»-и устод Сотим Улуғзода оғоз гардид. Минбаъд ин ҷустуҷӯ дар дромҳои Ғанӣ Абдулло, Расул Ҳодизода, Абдусалом Атобоев, Аъзам Сидқӣ идомаи худро ёфт ва таваҷҷӯҳи муаллифон бештар ба тасвири бузургӣ ва наҷобати руҳӣ инсон равона гардид.

Дар драматургияи тоҷик эҷоди дромҳои таърихии тарҷумаиҳолӣ қабл аз ҳама ба беҳтарин дастовардҳои драматургияи ҷаҳонӣ иртибот дорад. Аз ҷониби дигар, таваҷҷӯҳи мардуми тоҷик ба сарнавишти сухарварон аз давраҳои қадим эҳсос мегардид. Ин дар шефтагӣ аз назми олии ҳазорсолаи хеш, «Шоҳнома»-и безаволи Фирдавсӣ, ғазалҳои дилошӯби Рӯдакӣ, Саъдиву Ҳофиз зоҳир мегардид. Аз ин рӯ, таваҷҷӯҳ ба олами ботинии шахсиятҳои бузург, ки ин назми олиро ба вуҷуд оварданд, ҳодисаи табиӣ буда, онро метавон чун эҳтиёҷоти маънавии халқ дарк намуд.

Аз адибон Садриддин Айнӣ нахустин бор ба таърихи фарҳанги тоҷик рӯ оварда, асари илмии «Намунаи адабиёти тоҷик», сипас солҳои 30-40 роҷеъ ба эҷодиёти Рӯдакӣ, Ибни Сино, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Навоӣ, Восифҷ ва Бедил як силсила асарҳо ва мақолаҳои илмӣ таълиф намуд. устод Айнӣ дар очерки адабию бадеиаш «Темурмалик» бори нахуст бо тобиши публисистӣ ва романтикӣ симои хотирнишини ӣаҳрамони халқиро ба вуҷуд овард. Ба ин маънӣ таваҷҷӯҳи нависандагон ба падид овардани сифатҳои олии инсонӣ равона гардид ва онҳо кӯшиш намуданд, ки «мураккабият ва махсусиёти маънавиёти ӯро нишон диҳанд, падидаҳои наҷобати дили ӯро ҷилвагар созанд, қуввату зебоии хислати халқиро зоҳир кунанд».

Аз ин лиҳоз идроки бадеии таърих ба фаъолияти эҷодиву илмии устод Айнӣ дар иртибот буда, зеро дар таҳқиқу тафсири фарҳанги мо таъсири бевоситаи осори Айнӣ ба хубӣ мушоҳида мешавад, ки драмаи таърихии тоҷик низ аз он бархурдор аст.

Минбаъд дар драмаи таърихӣ ҳамбастагии таҳлили илмӣ ва бадеӣ боиси возеҳ таҷассум ёфтани раванду маънавии шахсият гардид. Ҳамаи ин ҷустуҷӯ ва кӯшишҳо дар драматургияи тоҷик жанри нав – жанри драмаи таърихии тарҷумаҳолиро падид овард. Ин жанр «эпоси драмавии ӣаҳрамонии солҳои сиюмро давом ва аз ҷиҳати бадеӣ инкишоф дода, на танҳо анъаноти шеъри классикиро аз бар кард, на танҳо сужету образҳои назмро истифода бурд, балки онҳоро ба маӣсадҳои нави эстетикӣ тобеъ намуда ба ҳақиқати таърихӣ наздиктар овард».

Чуноне зикр шуд, таҷрибаи нахустин дар ин боб драмаи Рӯдакӣ (Сотим Улуғзода) аст. (1958). Муаллиф дар асари худ дастовардҳои беҳтарини драматургияи ҷаҳониро идома дода, аз ҷониби дигар, дар ин драмаи шоиронааш симои шахсият ва ҷамъиятро дар ягонагӣ ба риштаи тасвир кашид, ки ин ҷустуҷӯи тозае дар драматуригияи тоҷик маҳсуб мешуд. Ҷиҳати барҷастаи драмаи мазкур дар зуҳуроти ҷолиби омезиши воқеияти рӯзгор ва ҷанбаи романтикӣ, ҳақиқати таърихӣ ва тахайюли озоди бадеист.

Дар асари бадеӣ ба вуҷуд овардани образи шахсиятҳои бузурги таърихӣ, дар назди драматург мушкилоти зиёдеро пеш меорад, зеро ахбори парокандае то замони мо расида ва таҷассуми комили симои ҳунарвар кифоя намекунад, ки афкору эҳсос ва воқеияти рӯзгор тасвир гардад. Дар ин ҳолат ғайр аз маълумотҳои таърихӣ тахайюли драматург нақши аввалиндараҷа мебозад, зеро маҳз тахайюл заминаи ӣавии падид овардани ботинии суханвар аст.

Зимнан, воситаи ягонаи вусъати тахайюл ва сарчашмаи мӯътамади драматург эҷодиёти таърихист, ки дар он муҳимтарин нишонаҳои хислат, рӯҳия ва оиди иҷтимоии ӯ фароҳам омадаанд. Дар силсилаи дромҳои таърихӣ ва тарҷумаҳолӣ аз қабили «Рӯдакӣ» (С. Улуғзода), «Робиаи Балхӣ» (А. Атобоев), «Дилшод» (А. Сидқӣ) барои муаллифон эҷодиёти суханвар чун санади таърихӣ, саҳафоти ҳасби ҳол маҳсуб шудааст. Дар ин дромҳо сарчашмаи тахайюли муаллифон ашъори санъаткорон аст ва маҳз он васоити асосии зоҳир шудани ҳақиқати бадеӣ гардид.

Аз ҷумла, тахайюли эҷодӣ дар дроми «Рӯдакӣ» дар мавриди тасвири шароити воқеии зуҳури хислатҳои Рӯдакӣ истифода шудааст.

Мероси адабии Рӯдакӣ ғайр аз унсурҳои тарҷумаиҳолӣ андешаҳои фалсафҷ, эҳсоси олӣ, ваҳдати ботинии зебоии ӯро мунъакис сохтаанд.

Аз ин рӯ, дромнавис маводи асарро бар мабнои ҳамин сарчашма иншо намудааст. Мусанниф Улуғзода дар иртибот ба ин мавзӯъ: «Ашъори Рӯдакӣ солномаи зиндагии ӯст, ки аз он олами рӯҳӣ, андешаҳо, ғаму шодӣ, ишқу орзу, ҳатто хислату характери шоир падидор аст. Дар он ишораҳое ҳастанд, ки аз он зиндагии шоир дар давраҳои гуногун пеши назар меояд. Ман кӯшиш намудам, ки симои ӯро ба он ишораҳое, ки аз ашъораш бармеояд, такья намуда ба вуҷуд биоварам».

Ашъори Рӯдакӣ барои нигоранда воситаи ифшои руҳу кирдор рафтори ӣаҳрамон аст. дарки эҷодкоронаи ашъор дар зуҳури барҷастагии бадеияти асар мавқеи хоса касб кардааст. Аз ҷониби дигар истифодаи ашъори Рӯдакӣ таъсири равонии асарро афзуда ба он нерӯи шоирона бахшидааст.

Дар дроми Рӯдакӣ муколамаҳо бо шеърияти олӣ иншо шудаанд, зеро заминаи он ҳамоно ашъори шоир аст ва тахайюли муаллиф аз ин сарчашма маншаъ гирифтааст. Маҳз фасоҳати забон рукни асосии зуҳуроти поэтикаи асар гардидааст.

Барои мисол ба муӣоламаи зерин таваҷҷӯҳ месозем:

«Рӯдакӣ. О ваҳ, ман фақат акнун фаҳмидам, ки шеърҳоямро барои кӣ гуфта будаам, кӣ ба ман аз ғайб илҳом медодааст. Вақте, ки ман туро аз болохонаи Маҷ бори аввал дар боғ дидам, садое аз ғайб ба ман мегуфт: эй шоир, ин паризод иӣболи ту, сарнавишти туст. Ба ман бигӯ, зодаи кистӣ? Гули кадом бустонӣ?»

Нигина. Ман... Нигинаам. Нигини ангуштарини дигарон. Бозичаи сухангӯ. Ман чизам, ки медуздандам, мехарандам, мефурӯшандам.

Рӯдакӣ. Ганҷҳои дунёро гирд овардаанд, ба баҳри ту намерасад. Ту худ ганҷи бебаҳоҷ!».

Дар дроми «Рӯдакӣ» омезиши ҷолиби ҷанбаи таърихию воқеҷ ва тахайюлӣ бадеӣ ба назаррас буда ва намунаи он чанд саҳнаи хотирнишини асар, чун мавриди иншои шеъри «Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме», «Ҳар бод, ки аз сӯи Бухоро ба ман ояд», «Дило то кай ҳамеҷӯҷ манеро» ва дигарон аст. Вазъияте, ки мусанниф дар асар фароҳам овардааст, инчунин муколамаи ӣаҳрамонҳо гувоҳӣ онанд, ки тахайюли муаллиф ҷиҳатҳои муҳимтарини ҳақиқати таърихиро равшан месозад.

Бисёр симоҳои таърихӣ чун вазири машҳури Сомониён Абулфазли Балъамӣ, сипаҳсолор Саҳл ибни Мансур, муосирони шоир – Шаҳид, Муродӣ ва дигарон ашхоси воқеию таърихианд, ки симои ононро нигоранда бо обуранги бадеӣ ва фардияти комил ба риштаи эъҷоз овардааст.

Услубҳои гуногунии омезиши тахайюл ва таърих барои ифшои паҳлуҳои гуногуни хислати ӣаҳрамони асосӣ мусоидат намуда, дар падид омадани беҳтарин хислатҳои ӯ замина эҷод кардаанд.

Дарку эҳсоси бадеии маводи таърихӣ, саҳифаҳои номаълуми зиндагии шоирро равшан месозад ва кӯшише дар бобати таҷдиди воқеияти таърихист.

Бозёфтҳои бадеии асар боиси эҷоди намоишномаи диданию машҳури «Рӯдакӣ» гардид, ки онро таҳиягар Е. Мительман ва А. Бурҳонов дар театри академии драмаи ба номи Лоҳути рӯи саҳна оварданд.

Намоишномаи «Рӯдакӣ» - (таҳияи Е. И. Мительман) ӣиссаест, роҷеъ ба сарнавишти чеҳраи эҷодкор, ки бо рангҳои шоирона сиришта шудааст. Воқеан, ин асари саҳнавӣ қолабҳои маъмулии драмаи таърихии тарҷумаиҳолиро, ки бештар аз тасвири мутантану идеалии шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ иборат буд ва то андозае дар он унсури намоишкорӣ низ ба чашм мерасид, шикаста симои суханвареро таҷассум месозад, ки қабл аз ҳама бо наҷобати руҳӣ ва сиришти поки хеш ҷозибанд.

Рангомезиҳои шоирона ҳамчунин дар ороиши бошукӯҳи намоишнома (рассомон М. Мухин ва М. Лебедева) бахусус дар таҳияи сару либоси ӣаҳрамонон, толорҳои пурнақшу нигор назаррас буда комилияти ин асари саҳнавиро таъмин месозад.

Симои Рӯдакӣ дар саҳна аз ҷониби ҳунарпешаи маъруфи тоҷик Аслӣ Бурҳонов офарида шуда ва чун «устоди тавсифкунандаи равонӣ барои амиқ ва ифшои ҳарҷонибаи олами мураккаби маънавии ӣаҳрамон, боигарӣ ва шиддати ҳаёти ботинии ӯ кӯшид».

Нақши Рӯдакӣ дар иҷрои ин ҳунарвар қабл аз ҳама бо ҷанбаи романтики худ ӣобили таваҷҷӯҳанд. Шеърияти ин симо дар ҷозибаи дурахшон, эҳтироси комил, табъи олӣ ва самимияти беандоза зоҳир мегардид.

Дар тафсири Аслӣ Бурҳонов Рӯдакӣ шахсиятест, ки фарҳанги миллии хешро бо ҷону дил мепарастанд, инсонест, нисбати мардуми оддӣ меҳрубон, ҷавони зебои хушандому чеҳракушодаест, ки дили ӯро ишқи Нигина тасхир намуда ва шоирест дорои табъи равон ва илҳоми саршор. Албатта мусанниф Улуғзода ба ин тариқ тафсири ҳунарпеша маводи фаровон пешниҳод месозанд, аммо бурди эҷодии ҳунарманд қабл аз ҳама дар эҳтироси волост, ки маҳз тавассути он рангҳои дурахшони чеҳра арзи ҳастӣ намудааст.

Симои Рӯдакӣ дар асар бо симои Нигина, ки онро Хайрӣ Назарова чун рамзи покизагиву наҷобат офаридааст, ҳамоҳангии муназзаме касб кардаанд.

Нигина – Х. Назарова бо дарки шоиронаи зиндагӣ, шефтагӣ аз зебоии сирати инсонӣ, нозукиҳои эҳсос ӣобили таваҷҷӯҳ аст. Лаҳзаҳои муколамаҳои шеърӣ, ифшои рози дил, ишорае ба шарофатмандии чеҳраи офаридаи ин ҳунарвар аст.

Тамкину тавозӯъ ва хиради ӣавӣ дар нақши вазири Сомониён Абулфазли Балъамӣ (Ҳоҷиӣул Раҳматуллоев) аз бозёфтҳои назарраси намоишнома аст.

Ҳунарпешагони дигари театр аз ҷумла, Н. Ғиёсов – Наср, Г. Завӣибеков – Маҷ, Т. Ғаффорова – Малика, Ш. Ҷӯраев – Саҳл бинни Мансур низ муяссар гардиданд, ки дар намоишнома нақшҳои мухталифавзоъ ва чеҳраҳои ҷолиб офаранд.

Намоишномаи «Рӯдакӣ» - ро метавон чун саҳифаи дурахшоне дар таърихи театри тоҷик, хусусан дар жанри таърихӣ арзёбӣ намуд. Зеро он на танҳо дар бобати ҳарҷониба падид овардани симои эҷодкоре, ки асолати тамаддуни тоҷиконро муҷассам сохтааст, қадами қатъист, балки барои ғановати поэтикаи театри тоҷик, рушди фарҳангии он нақши муҳимеро дорост.

Аз ин рӯ, баъди солиёни зиёд аз нав ба ин асар рӯ овардани театри академии драмаи ба номи Лоҳутӣ бесабаб нест. Ин иӣдом агар аз як тараф ташнагие нисбати асарҳои миллӣ бошад, аз ҷониби дигар он ғояест, ки меҳвари намоишномаро ташкил медод ва аз лиҳози фалсафҷ масоили умумиинсониро дар бар мегирифт.

Бори дуввум намоишномаи «Рӯдакӣ» соли 1973 рӯи саҳна омад. Дар ин намоишнома (таҳияи нави А. Бурҳонов) қабл аз ҳама тафсири симои Рӯдакӣ аз ҷониби ҳунарманди шинохта Маҳмуд Воҳидов яке аз дастовардҳои бадеии асар маҳсуб мешуд.

Мавзӯи «Санъаткор ва замон», ки барои М. Воҳидов аз моноспектаклҳои шоиронаи ӯ «Ватан ва фарзандон» (1969), «Ишқи зиндагӣ» (1971), «Гуфтугӯ бо худ» (1971), оғоз гардида буд, ин дафъа низ ба шакли лирики фалсафҷ идомаи худро ёфт. Дар бозии ин ҳунарманд, ки ҳамеша ҷанбаи ақлонӣ бо ӣаҳрамонӣ устодон омезиш ёфта тавассути унсурҳои театри психологӣ сайӣал мехӯрд, симои ӣаҳрамони лирикӣ бо тамоми махсусияти худ ифшо мегардид. Аз ин рӯ, дар симои Рӯдакӣ низ М. Воҳидов суннатҳои назми классикиро идома дода, ба инкишофи таъсиромези симои шоирона муваффақ шудааст. Дроми ботинии суханвар, сеҳри сухан, ҷилваҳои афкору эҳсосаш аз ҷониби актёр хеле нафис тарҳрезӣ шудааст. Зеро ба андешаи мо, М. Воҳидов чун ҳамешагӣ офариниши симои Рӯдакиро бо ғояи эҷодии хеш пайваста рӯи саҳна овардааст.

Ин нукта аз дафтарҳои Маҳмуд Воҳидов, ки аз муҳокимаву мулоҳизаи асарҳои саҳнавӣ мураккабанд, ба хубӣ падидор аст. Дафтаре, ки ба тафсири симои Рӯдакӣ бахшида шудааст, ғайр аз андешаҳои актёр роҷеъ ба ин симо маънии ниҳонии муколамаҳоро низ дарбар мегирад (ба мо муяссар гардида буд, ки ин дафтарро соли 1990 ба нашр омода созем).

Масалан, ҳунарпеша андешаҳои хешро нисбати чеҳраи Рӯдакӣ чунин ифода намудааст: «Рӯдакӣ – истеъдоди худоист. Ӯ мисли чашмаи кӯҳҳои диёраш софу беғубор. Чашмаест, ки аз ӣуллаи кӯҳсор сар задаааст. Вай содда ва пок. Назари ӯ ба муҳит ва атрофиён назарест, бебокона. Беғаш, бо боварии том. Вай худаш намедонад, ки чӣ мисраъҳое аз ӯ тавлид мешавад. «Дар намоиши аввал чунин аст. Ба замми ин ишқи ногаҳонӣ ӯро тамоман масту беихтиёр кардааст.

Баъдтар мебинем, ки чунин ҷавони соддаву самимӣ чӣ тавр дар рӯзгор пешпо мехӯрад. Ӯ торафт аз олами худ ба ҷаҳон, ки тамоман дигар аст ба дунёи ғаму ситам рӯ ба рӯ мегардад. Дар набарди рӯзгорон обут об меёбад. Ӯ дар назм деҳӣон аст, монанди Моцарт дар мусиқӣ. Вуҷуди онҳо саршори назму мусиӣист.

Агар онҳо аз дигар бандаҳои худоҷ фарӣе дошта бошанд, он фақат дар хоксорӣ, самимият ва бебокист.

Ғайр аз ин М. Воҳидов аз намоиши якум то сездаҳум зерматнҳои муколамаҳои ӣаҳрамони худро муайян намудааст. Баъзе саҳнаҳо аз ҷумла, намоиши чаҳорум – маҷлиси шоирон дар ҳузури амир Наср аз ҷониби актёр ба се боб – Зиддият. Баҳс. Санҷиш таӣсим гардида мавриди таҳлил ӣарор мегирад.

М. Воҳидов дар навиштаҷоти хеш он нуктаро таъкид намудааст, ки ин асар бояд ба пояи баланде таҳия шавад, то тамошобин онро бо тамоми нозукиҳояш дарк намояд. Дар бораи нақши Рӯдакӣ дар тафсири М. Воҳидов ҳунарпешаи шинохтаи собиӣ Иттиҳоди Шӯравӣ Г. П. Менглет дар сӯҳбат бо муаллифи ин сатрҳо, ки 27 октябри соли 1984 дар Маскав сурат гирифта буд, чунин иброз дошт: «Нақши Рӯдакиро дар тафсири актёри тоҷик Маҳмуд Воҳидов тамошо карда ба хулосае омадам, ки маҳз чунин актёр қодир аст, нақшҳои барҷастаи драматургияи атиқиро таҷассум созад. Фалсафаи ин образ дарки шоиронаи зиндагист, ки он дар бозии актёр таҷассуми зебоӣ ва наҷобати руҳи инсон аст».

Таҷрибаи эҷодие, ки Маҳмуд Воҳидов дар офариниши симои Рӯдакӣ ба даст овард, минбаъд ҳангоми таҳияи асари дигари саҳнавии Сотим Улуғзода «Алломаи Адҳам ва дигарон» (1976) аз ҷониби ин ҳунарвар заминаи ӣавие гардид.

Аз ин лиҳоз дроми С. Улуғзода «Рӯдакӣ» иӣдоми назаррасӣ дромнавис роҷеъ ба таҷассуми симои шахсиятҳои барҷастаи таърихӣ буд ва онро метавон чун падидаи фарҳангӣ маънидод кард. Ин асар ба ғановати поэтикаи театр, муайян намудани тавонҳои эстетикии он, ташаккули ҳунарии рассомону таҳиягарон ва алалхусус ҳунарварон мусоидат намуд ва бори дигар асолати тамаддуни Сомониёнро, ки дар таърихи фарҳанги тоҷик нақши дурахшоне доранд, собит кард.

Маҳз дроми «Рӯдакӣ» оғози диди нав нисбати шахсиятҳои бузурги таърихист, ки минбаъд анъанаҳои он дар таҷассуми симои ӣаҳрамонони Фирдавсӣ дар саҳнаи тоҷик идомаи хешро ёфтанд.

Адабиётҳои истифода шуда

  1. Шукуров М. Тахрихи адабиёти советии тоҷик. Иб. Аз IV ҷилд. ҷ. IV. Душанбе. «Дониш», 1980, с. 246.
  2. Демидчик Л. Н. Таърих ва вусъати диди мо. «Садои шарқ» 1981, №10.
  3. Улуг-заде С. Пленительный образ. «Коммунист таджикистан» 1958, 28 ноября.
  4. Улуғзода С. Қиссаҳои драмавҷ. Маҷмӯи песаҳо. Д., «Ирфон», 1984.
  5. Нурҷонов Н. Аслӣ Бурҳонов. Д., «Ирфон, 1982, с. 107»
  6. Воҳидов М. Мусаввадаҳои нотамом. с. 120-121.
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ