Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Зиндагиномаи Рӯдакӣ

Абӯабдуллоҳ Ҷаъфар ибни Муҳаммади Рӯдакӣ (858 соли таваллуд, Деҳаи Рӯдак, ҳозира Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент — 941 соли вафот, ҳамон ҷо), шоир, асосгузори адабиёти классикии форс-тоҷик мебошад. Бачагиаш дар деҳаи хурди номашҳури канори силсилаи кӯҳҳои Зарафшон гузаштааст. Дар ин ҷо ӯ аз халқ суруду мусиқӣ меомӯхт, аз манзараҳои рангини табиат ва рӯзгори мардуми меҳнатдӯсти кӯҳистон илҳом мегирифт. Ба суруду наво аз кӯдакӣ шавқи беҳад дошт. Овози дилкаш ва ҳунари мусиқидонии ӯ ба яке аз навозандагони моҳир, ки Бахтиёр ном дошт, хеле хуш омад. Ба ривояте, пас аз чандин сол Бахтиёри мӯйсафед чангашро ба Рӯдакӣ бахшидааст, то дар деҳоти кӯҳистон гашта, дилу рӯҳимардумро бо  таронаву навоҳо шод намояд. Рӯдакии ҷавон ҳамчун чангӣ овоза пайдо кард, аммо ташнаи  дониш буд ва ба даргоҳи илму маърифат, ба мадрасаҳои Самарқанд рӯ овард. Пас аз солҳои зиёде овозаи сарояндагиву навозандагии Рӯдакӣ ва дониши фаровони ӯ ба гӯши сарварони мамлакат расид ва ӯ ба пойтахти Сомониён шаҳри Бухоро даъват шуд.Рӯдакӣ  дар  андак муддат шоири бузурги дарбор гардид, шӯҳрати ӯ дар сар то сари мамлакат паҳн шуд, вале ӯ зодгоҳаш—деҳаи хурдакаки Рӯдакро, ки даврони бачагиаш он ҷо гузашта, аввалин шодмониҳои  шоири халқ буданро  он  ҷо ҳис карда буд, фаромӯш накард, номи онро барои худ тахаллус гирифт. Рӯдакӣ дар даргоҳи Сомониён шӯҳрат ва сарвати фаровоне ёфт, вале ин ҳама хушбахтии яклаҳзаина ва фиребанда буд. Ӯро маҷбур карданд, ки дар ситоиши шукӯҳи дарбор, салтанати шоҳва дурӯғу фиреби дарбориён шеър гӯяд, ки ин барои чунин якшоири   соҳибистеъдод   фоҷиаибузурге буд. Мувофиқи ривояти солноманависони дарбор шоир дар охири умр аз давлатдорон беилтифотӣ дида, дар ҳолати пириву нотавонӣ аз дарбор ронда мешавад ва ба ривояте мил ба чашмонаш кашида, кӯраш кардаанд; ба ривояти дигар Рӯдакӣ гӯё кӯри модарзод будааст. Антрополог М. М. Герасимов, ки аз рӯи косахонаи сари шоир сурати зоҳирии ӯро барқарор намудааст, ба хулоса омад, ки Рӯдакӣ дар синни камолот кӯр карда шудааст. Ва бо ҳамин хулосаи тадқиқоти Садриддин Айниро дар бораи аз дарбор ронда шудани Рӯдакӣ собит кард. Садриддин Айнӣ ба таҳқиқ ҷои қабри шоирро ёфта, муаммои рӯзҳои охири ҳаёти шоир ва вафоти ӯро равшан сохт ва барои беҳтар фаҳмидани эҷодиёти ӯ замина ба вуҷуд овард. Вале ӯ ба кӯри модарзод будани Рӯдакӣ мӯътақид буд. Оид ба зиндагии пурфоҷиаи Рӯдакӣ, дар охири умраш дар баъзе порчаҳои шеърии ҳасбиҳолӣ (шеър дар бораи се пироҳани Юсуф) ва қасидаи «Шикоят аз пирӣ» ишораҳо шудаанд:



Шуд он эамона, ки шеъраш ҳама ҷаҳон бишнуфт
Шуд он замона, ки ӯ шоири Хуросон буд.
Кунун  замона дигар гашту  ман  дигар гаштам,
Асо  биёр,  кивақти  асову   анбон  буд.

  Сабаби аз дарбор ронда шудани Рӯдакӣ маълум нест. Эҳтимол, яке аз сабабҳои ин муносибати хайрхоҳонаи ӯ ба яке аз қиёмҳои халқӣ зери ливои қарматия бошад, ки дар Бухоро рӯй дода буд. Рӯдакӣ аз замонадорон беилтифотӣ дида бошад ҳам, ҳамдиё-ронаш иззату эҳтироми ӯро ба ҷо меоварданд ва шоир ниҳоят дар байни онҳо аз дунё даргузашт.
Аз мероси бузургу гаронбаҳои бадеии Рӯдакӣ, имрӯз танҳо абёти пароканда боқӣ мондааст. Вале аз ҳамин ашъори пароканда ҳам бузургии шоир ба хубӣ эҳсос мешавад. Шояд аз парокандагӣ ва нотамомии абёт мустаҳкамии композиция, шав-қангезии сюжет ва дурахши бадеии шеъри ӯ барҷаста намоён набошад. Аммо гоҳо як мисраъ ҳам бузургии шоирро ба назари мо ҷилвагар месозад. Мо Рӯдакиро аз рӯҳи инсонпарваронаи шеъри ӯ, аз образҳои нотакрору ҷовидонӣ ва гардишҳову хулосаҳои аҷоиби файласуфонааш мешиносем. Ҳамаи шеъру қитъаҳо ва абёти парокандаи Рӯдакиро аз рӯи мавзӯи асосиашон ба се гурӯҳ тақсим кардан мумкин аст: 1) порчаҳои ашъори ошиқона, ки маҳсули давраи ҷавонии шоир, натиҷаи муҳаббати бузургу фоҷиаанҷоми ӯ ба канизаке ва ё ҳиссиёти сӯзону ишқварзиҳои ниҳонии ӯ будаанд. Дар ин қабил шеърҳо тасвири манзараҳои табиат, базму шаробу майгусорӣ низ ҷо доранд; 2) порчаҳои ашъори пандуахлоқӣ ва маснавиҳо, ки аслан дар мавзӯи ахлоқ эҷод шудаанд. Номи ду маснавӣ ва санаи таълифи яке аз онҳо маълум аст: а) «Даврони Офтоб» («Синдбоднома»); б) «Калила ва Димна» (тарҷумаи манзум аз забони арабӣ (назмаш соли 932). Ба қавли Фирдавсӣ («Шоҳнома») ровиён ин достонро, ки дар забони арабӣ будааст, назди Рӯдакӣ мехондаанд ва ӯ ба назми дарӣ медаровардааст, «Калила ва Димна»-ро Рӯдакӣ 12000 байт гуфтааст. Солиёни дароз аз ин маснавӣ танҳо як байт маълум   буд:

Ҳар ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ  н - омӯзад  зи  ҳеҷ  омӯзгор.

Солҳои охир тақрибан 120 байти он ба даст омад; 3) шеъру порчаҳои манзуми шикоятӣ, яъсу ноумедӣ, баёни ҳасби ҳол, ки дар давраи пиронсолии шоир эҷод шудаанд. Намунаи беҳтарини ин гурӯҳ шеърҳо қасидаи «Шикоят аз пирӣ» (35 байт) мебошад.
Ҷиҳати ҷолиби таваҷҷӯҳи назми Рӯдакӣ, пеш аз ҳама он аст, ки дар шеъри ӯ, хоҳ сатрҳои ошиқона бошанд, хоҳ панд ва хоҳ шикояту гилагузорӣ, эҳсоси инсон суруда шудааст; ҳама ашъори шоир саршор аз андеша оиди тақдири инсон аст. Ӯ яке аз аввалин классикони шеъри форсист, ки ба тасвири инсон таваҷҷӯҳ карда, шахсияти инсонро ба адабиёт ворид кард. Агар дар адабиёти қадими форс-тоҷик масъалаи тано-суби худо ва инсон мавқеи теосентрӣ (аввал худо) дошта бошад, дар шеъри Рӯдакӣ мо мавқеи нав, мавқеи антропосентриро (аввал инсон) мушоҳида мекунем. Рӯдакӣ инсони оқилу хирадмандро сурудааст. Дар ашъори ӯ, чунон ки дар байти зерин мебинем, ситоиши бузургии инсон, иродаву қудрати ӯ  ифода ёфтааст:

Замона аспу ту роиз, барои хештан тоз!
Замона гӯю ту чавгон, барои хештан боз!

Замон ин ҷо ба маънои қисмат аст ва шоир талқин мекунад, ки ба амри қисмат интизор нашуда, ҳисоби зиндагиро ёфтан лозим аст. Агар дар ашъори орифон Ақл ва  Ишқ таҷассуми хираду муҳаббати Худованд ва инсон бошад, дар шеъри Рӯдакӣ Ишқу Хирад  маънии заминиро гирифтааст. Рӯдакӣ ин маъниро гоҳо хеле далерона баён кардааст: 

Рӯй ба меҳроб ниҳодан чӣ суд,
Дил ба Бухорою бутони Тароз.   
Эзиди мо васвасаи ошиқӣ
Аз   ту   пазирад,   напазирад   намоз.

Дар шеъри Рӯдакӣ ғайр аз тасвири табиат талқини хирад, васфи шоҳон, ашрофон ва паҳлавонон, пеш аз ҳама, дар мадди назар инсони оддӣ, фарди ҷамъиятӣ қарор гирифтааст. Рӯдакӣ дар мадҳияҳояш ҳам суннатҳои маъмули таърифу тавсифи бардурӯғро вайрон кард. Ӯҳангоми васфи шоҳону вазирон саъй кардааст, ки ба онҳо таъсир бахшад ва онҳоро ба роҳи одамгарӣ ҳидоят фармояд. Гуманизми Рӯдакӣ дар ашъори ахлоқию иҷтимоии ӯ боз ҳам равшантар зоҳир гаштааст. Рӯдакӣ омӯзгори бузурги ахлоқ аст. Дар шеъри ӯ ахлоқи пок, одамият, инсонпарварӣ, хирад, ва мардиву бузургии инсон талқин шудааст. Рӯдакӣ маънии ҳаёт ва моҳияти рӯзгори инсонро дар он медонад, ки мардум умрашонро ба беҳудагӣ нагузаронанд, аз паи кореву ҳунаре шаванд, касеро наёзоранд, нексиришту неккирдор бошанд. Аз назари Рӯдакӣ ин ҷаҳон дарёест ва аз он танҳо бо киштии некию некӯкорӣ гузаштан мумкин аст. Бузургтарин омӯзгори инсон барои Рӯдакӣ таҷрибаи зиндагист. Ҳар кас, ки аз баду неки зиндагӣ ибрат гирифтааст, ҳама мушкилоти рӯзгорро ба осонӣ бартараф карда метавонад. Аз бисёр шеърҳои ӯ бар зидди замон ва нобаробариҳои иҷтимоӣ садои эътирози сахте шунида мешавад. Шоири инсонпарвар дар муқобили сарвату неъмати давлатмандон, тангдастию бечорагии камбағалонро дида, ба алам мегӯяд:

Басо   касо,   ки   ҷавин   нон   ҳаменаёбад сер,                                                
Басо касо, ки барра асту фархаша бар хон-ш.

Рӯдакӣ сарояндаи рӯзгору меҳнати пурфайзи деҳқонон будааст, аз ҳар мисраъ ва байташ бӯи замин ва меҳнати деҳқон эҳсос мешавад. Рӯдакӣ аз хурдӣ ба рангу бӯи кӯҳистон, наъраву туғёни дарё, ҷилову рангбозиҳои табиат ва чаҳ-чаҳи булбулону навои мурғони хушхон одат карда буд. Ҳамаи ин баъдтар дар шеъри ӯ аксандоз гардид. Аммо равшантар аз ҳама дар шеъри Рӯдакӣ рӯзгори деҳқонони нексиришту пурғайрат, таш-вишу тараддуди онҳо акс ёфтааст. Дар бисёр шеърҳои Рӯдакӣ равиши кори деҳқон тасвир гардидааст: аз паи кишти баҳорӣ мавсими дараву хирман меояд, кори хирман бо хушнудӣ анҷом меёбад, иди Меҳргон фаро мерасад, мардум ба муборакбодии ҳосили нав рақсу бозиҳо мекунанд, боз давраи тирамоҳу шудгор мешавад ва ғ. Рӯдакӣ  дар кӯҳистон қадри кор, лаззати нон ва талхию душвориҳои рӯзгорро дида буд, фаро расидани баҳори шукуфон ва тирамоҳи пурфайзро дӯст медошт, далерӣ, мардонагӣ ва дилкушодии барзгарон, чӯпонон ва ҳунармандони диёри азизашро пос медошт. Баробари ин дар шеъри Рӯдакӣ муҳити шаҳр, зиндагӣ ва омоли аҳли он — табибон, косибон, олиму шоирон, котибон ва дигарон инъикос ёфтааст. Рӯдакӣ шоири далер, озодихоҳ, зиндагишинос ва навовар буд. Ӯ бо як ҷаҳон эҳсосу дили пурандеша ба остони пуртакаллуфи дарбор расид, аммо худашро гум накард. Муҳити дарбор барои Рӯдакӣ тангӣ мекард ва ӯ бо ҳунари баландаш ҳисори ин муҳитро рахна кард. Рӯдакӣ зери таъсири қонунҳои назми мадеҳавӣ намонд, балки онҳоро мувофиқи салоҳдиду табъи шоирии хеш ба шакли нав мураттаб сохт. Навпардозиҳои Рӯдакӣ  дар мазмуну мундариҷа ва такомули жанри қасида зоҳир гардиданд. Вай ин навъи шеъриро, ки аслан мазмуни мадҳӣ дошт, зебу орои наве бахшид ва аз ҳар ҷиҳат онро ғанӣ сохт. Намунаи комили қасидаи ҳасбиҳолӣ «Шикоят аз пирӣ» мебошад. Аз ин қасида рузгори Рӯдакӣ, ёди давраи ҷавонӣ, шаъну эътиборе, ки ӯ дар даргоҳи Сомониён дошт, инчунин хорию зорӣ ва афтодагаҳои айёми пирии шоир пеши назар меояд. Қасида мазмуни баланди фалсафӣ дорад. Шоири пурдида зимни тасвири вазъи зиндагии худ аз гардиши фалак, дигаргун шудани ҷаҳон андеша мекунад. Рӯҳи оптимистии қасида ҳам хеле қавист, Агар аз аввалу охири он чанд байт ихтисор шавад, он гоҳ мо ба ҷои нолаи пирӣ таронаи ҷавонӣ ва хур рамию шодмониҳои зиндагиро мешунавем. Моҳияти ин «фоҷиаи некфарҷом»-и Рӯдакиро маҳз ҳамин тазод, зиддияти ботинӣ, лаҳзаҳои бадал шудани шавқи ҷавониву хуррамӣ ба нолаи афсӯсу надомат аз назар ниҳон мекунад. Ягонагии идеали эстетикиву ахлоқии шоир дар ин қасида хеле барҷаста   ифода   ёфтааст:

Басо дило, ки ба сони ҳарир карда ба шеър,
Аз он сипас, ки ба кирдори сангу сандон буд.

Шоир таъкид мекунад, ки дунё гирдгардон аст; ҳама ҷиз ба сурати аслии хеш бармегардад. Қасидаи дигари Рӯдакӣ «Модари май» солҳои зиёде ҳамчун намунаи қасидаи классикӣ таҳлил мешавад. Пеш аз ҳама таркиби он классикист. Қасида аз ташбиб оғоз меёбад. Ин қисмат (байтҳои 1—21), ки васфи май ва роҳҳои тайёр кардани онро дар бар мегирад, мустақил буда, дар бораи май беҳтарин шеър ба шумор меравад. Шоир дар ин қисмат ба маҷоз рӯ овардааст: аз «модари май» — дарахти ток бачаи ӯ — ангурро гирифта, зиндонӣ мекунад. Сипас қисмати гурез (байтҳои 22—26) меояд. Шоир аз тасвири маҷози ба воситаи байти зерин аз васфи май ба мадҳи мамдӯҳ мегузарад:

Маҷлис бояд бисохта маликона,
Аз  гулу   аз   ёсамину   хайрӣ   алвон.

Дар қисмати сеюм(байтҳои 27—74) қаҳрамони асосии қасида ҳукмдори Сиистон Абӯ Ҷаъфар мадҳ мешавад. Ниҳоят бо овардани номи шоир ва мамдӯҳ ва таърифҳои баланд қасида (байтҳои 75—95) хатм меёбад. Дар қасидаи «Модари май» мадҳи шахсияти мамдӯҳ чизи асосӣ нест. Ин ҷо ҳамаи он чизе ки гӯё аз сюжети асар ҷудо ба назар мерасад, махсусан қисмати ахлоқии қасида, ки андешаҳои инсонпарваронаи шоир дар бораи хираду одамият дарҷ шудаанд, чизи асосӣ мебошад. Масалан, дар ин байт шоир хираду ҳикматро тарғиб менамояд:

Марди адабро хирад физояду хикмат,
Марди   хирадро   адаб   физояду   имон.

Чунин байтҳои ҳикматнок дар «Модари май» бисёранд ва бори асосии қасида ҳам бар дӯши онҳост. Ҳамчунин, муроди Рӯдакӣ дар ин қасида танҳо таърифи маҳзи Абӯҷаъфар набудааст. Шоир дар шахси вай ҳукмрони идеалиэро орзу кардааст, ки адлу дод дошта бошад ва халқу кишварро осудаву обод нигоҳ дорад. Ба қавли шоир шоҳе мебояд, ки «малики адлу офтоби замона» бошад ва:

Бастаи гетӣ аз ӯ биёбад роҳат,
Хастаи   гетӣ   аз   ӯ   биёбад   дармон.

Ягонагии идеали ахлоқӣ ва эстетикии Рӯдакӣ, орзуи ӯ баҳри дирӯзии зебоиҳои зиндагӣ ва инсон, кору номи нек ва муҳаббат аз ҳамин иборат аст. Вақте ки шоир дар охири қасида ба шоҳ талъати тобандатар зи талъати хуршед ва неъмати поянда дархост мекунад, маҳз устуворӣ ва нотакрории ин идеалро дар назар дорад:

Талъати тобандатар зи талъати хуршед,
Неъмати   пояндатар  зи   Ҷудию   Саҳлон.

Мазмуни гуманистии ин қасидаи мутантан ба назари хонандаи имрӯз маҳз ҳамин тавр ҷилвагар мешавад. Ин ду қасида, ки аз аввалин қасидаҳои адабиёти тоҷиканд, аз ҷиҳати тарзи баён, маҳорати суханварӣ, омузиши рӯйдодҳои таърихии замон ва фаҳмиши моҳияти фикру андешаҳои шоир ниҳоят ҷолиб мебошанд. Рӯдакӣ қасидаҳои баҳория, ишқия хамрия, ҳаҷвия, марсия низ гуфтааст. Дар эҷодиёти Рӯдакӣ ба ғайр аз қасида ва маснавӣ, навъҳои дигари адабии шеъри классикии форс-тоҷик аз қабили ғазал, рубоӣ, қитъа ва ғ. такомулу тлшакул ёфтаанд. Рӯдакӣ ғазалро аз ҷиҳати мавзӯъ ва мундариҷа ва хусусиятҳои шаклӣ мураттабу мукаммал сахт. Ҳамаи ҷузъиётя ғазал — матлаъ, мақтаъ, тахаллусро ӯ риоя намудааст ва бесабаб нест, ки шоирони баъдина ғазали «рӯдакивор»-ро баландтарини ин навъи шеър шумурда ба ӯ тақлиду татаббуъ кардаанд. Масалан, маликушшуарои дарбори Маҳмуди Ғазнавӣ Унсурӣ мегуяд:

Ғазал рӯдакивор некӯ бувад,
Ғазалҳои ман рӯдакивор нест.
Агарчи бикӯшам ба борик ваҳм,
Дар ин парда андар маро бор нест.

Ғазалу қасида то замони Рӯдакӣ дар адабиёти араб вуҷуд дошта, пайдоишу инкишофи онҳо то андозае ба таъсири адабиёти мазкур вобаста буд. Рубоӣ навъи адабии дар байни халқҳои эронижод интишор ёфта (дар фолклор ва осори хаттӣ) ба ҳисоб меравад. Рӯдакӣ ин навъи адабиро ҳам такмилу инкишоф дода, онро ба вазни арӯз мутобиқ намуд, архитектоникаи дохилии онро мураттаб сохт ва яке аз аввалин шоирони рубоисарои адабиёти классикии форс-тоҷик гардид. Умуман, ҳар як навъи шеър, ки Рӯдакӣ ба он даст задааст (аз байт то маснавии калонҳаҷм) на танҳо аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа ва ғоя, балки аз ҳайси шаклу сохт ва архитектоника низ мукаммалу мураттаб мебошад. Дар шеърҳои Рӯдакӣ тақрибан тамоми санъатҳои бадеии маъмули шеъри адабиёти классикии форс-тоҷик — ташбеҳ, таҷнис, тафсир, суолу ҷавоб, таҷоҳули ориф, муболиға, маҷоз, киноя, истиора, муроотунназир, ирсоли масал, истидрок, тазод, таносуб, талмеҳ ва ғ. истифода гардидаанд. Дар асарҳои адабиётшиносии форс-тоҷик «Тарҷумон-ул-балоға»-и Родуёнӣ, «Шеър-ул-Аҷам»-и Шамси Қайси Розӣ ва ғ. доир ба ин саноеи бадеӣ аз ашъори Рӯдакӣ ба сифати шоҳид абёти зиёде зикр шудааст. Ҳар яке аз санъатҳои бадеӣ дар шеъри Рӯдакӣ мустақиман барои таҳнияти ин ё он мақсади эстетикӣ, на барои ороишу суханпардозӣ, истифода шудаанд. Масалан, санъати тазод ба мазмуну мундариҷа ва  мавзӯоти шеъри Рӯдакӣ тазоди Ишқу Хирад, аз ҳар ҷиҳат ҳамоҳанг аст. Ин таъсири ҳамон муқобилгузории шуури ҳиссӣ ва ақлист, ки дар фалсафаи қадим ва маълум буд. Ин хел муқобилгузорӣ дар ибороти фалсафии «нафси кулл», «ақли кулл» ва рисолаҳои илмии Ибни Сино ҳам ифода ёфтааст. Дар порчаи зерин назари шоир ба таносуби Хирад ва Ишқ равшан ифода ёфтааст:

Чамани ақлро хазони агар,
Гулшани ишқро баҳор туӣ.
Ишқро гар паямбарам, лекин
Ҳуснро офаридгор туӣ.

Дар ин қитъа фикри шоир бо усули муқобилаву тазоди ишқу ақл, баҳору хазон, офаридгору паямбар баён шудааст. Зимни ин ҳама тазоду муқобилаҳо образи Маъшуқа — сарчашмаи ҳусни инсонӣ дар назар дошта мешавад. Ва аз ин шеър муносибати шоир ба Ақл, ки асоси назарияи ахлоқии ӯст, ба Некӣ ва Бадӣ ва созиши файласуфонаи ӯ бо бозиҳои қисмат ва муҳаббати ӯ ба маъшуқа ва ҳама насли инсон равшан намудор аст. Тавассути санъатҳои дигари бадеӣ — ташбеҳоти кушоду пӯшида, суолу ҷавоб, таҷнис ва ғ. Рӯдакӣ манзараҳои зебои табиат, лавҳаҳои зиндагӣ, лаҳзаҳову саҳнаҳои дилчаспи вохӯрии ошиқу маъшуқ ва ғ-ро моҳирона мавриди тасвир қарор додааст.
Асри Рӯдакӣ дар таърихи адабиёти форс-тоҷик асри такомул ва ташаккули сабки хуросонӣ мебошад ва Рӯдакӣ яке аз бузургтарин намояндагони ин сабки адабӣ ба шумор меравад. Вале Рӯдакӣ нисбат ба ҳамасрони худ дар сеҳри сухан, муҷазии тарзи баёну ифода аз ҳамасронаш фарқ мекунад. Дар адабиётшиноси баробари сабки хуросонӣ сабки Рӯдакӣ ҷудо карда мешавад. Забови шеъри Рӯдакӣ фасеҳу равон, соддаву фаҳмост. Калимаҳо, таркибу иборотро Рӯдакӣ аз забони зиндаи халқ гирифта, ба шеъри худ дохил кардааст. Баъди ҳазор сол ҳам калимаҳои истифоданамудаи Рӯдакӣ ба оммаи васеи мардуми тоҷик фаҳмову равшан буда, имрӯз ҳам дар истеъмоланд. Шоири халқ будани Рӯдакӣ, ба барзгарону заҳматкашони деҳот наздик будани забон ва тарзи баёни ӯ аз қасоиду ғазалиёт ва абёти парокандааш аён аст. Рӯдакӣ дар як қасида мегӯяд:

То   зиндаам,  маро  нест  ҷуз  мадҳи  ту дигар кор,
Кишту дурудам ин аст, хирман ҳамину шудгор.

Дар қасида, ки як вавъ шеъри мутантан ва толиби «сабки олӣ» мебошад, овардани калимаҳою истилоҳоти деҳқонии «кишт», «хирман», «шудгор» шоҳиди ҳусни таваҷҷӯҳи Рӯдакӣ ба зиндагӣ ва омоли мардуми оддии меҳнатӣ мебошад. Дар ашъори Рӯдакӣ калимаҳои забонҳои эронии қадим, истилоҳоти марбут ба адабиёти авестоӣ ва форсии миёна (паҳлавӣ),калимаҳои суғдӣ ва ғ. ба таври фаровон истифода гардидаанд. Хулоса, шеъри Рӯдакӣ на танҳо аз ҷиҳати мазмуну мундариҷаи ғояви ба ҳимояи манфиати мардуми оддӣ нигаронида шудааст, балки аз ҷиҳати забону тарзи баён низ ба ин гурӯҳи ҷамъиятӣ наздикӣ дошт. Рӯдакӣ ҳанӯз дар замони худ дар байни аҳли адаб, тазкиранигорон ва дигар табақаҳои ҷоомеа шӯҳрати азим ва мақоми баланд дошт. Дар тамоми тазкираҳо, асарҳои адабиву таърихӣ номи Рӯдакӣ чун шоири пурқудрату боистеъдод зикр гардидааст. Бисёр шоирон дар ашъори худ Рӯдакӣро бо эҳтиром ёдовар шуда, ӯро «Одамушшуаро», «Соҳибқирони шоирӣ», «Устоди шоирони ҷаҳон» хондаанд. Масалан, чунин эҳтироми беандозаро мо дар байтҳои зерини Низомии Арӯзии Самарқандӣ дида метавонем, ки бар зидди бадхоҳони шоири   бузург   гуфтааст:

Эй он ки таън кардӣ дар шеъри Рӯдакӣ,
Ин таън кардани ту зи ҷаҳлу зи,  кӯдакист.
Он кас, ки шеър донад, донад, ки дар ҷаҳон,
Соҳибқирони шоирӣ устод Рӯдакист.

Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ