Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


2. ҲАНЗАЛАИ БОДҒИСӢ

Ҳанзалаи Бодғисиро Муҳаммад Авфӣ дар «Лубобулалбоб», Низомии Арӯзӣ дар «Чаҳор мақола» аз ҷумлаи шоирони замони Тоҳириён (820-873) донистаанд. Ризоқулихони Ҳидоят соли вафоти Ҳанзаларо 219 ҳиҷрӣ (834 милодӣ) зикр кардааст. Муҳаммад Авфӣ ин ду байтро аз ҷумлаи ашъори ин шоир медонад:

Ёрам сипанд агарчи бар оташ ҳамефиганд
Аз баҳри чашм, то нарасад мар варо газанд,
Ӯро сипанду оташ н-ояд ҳаме ба кор
Бо рӯи ҳамчу оташу бо холи чун сипанд.

Низомии Арӯзӣ дар «Чаҳор мақола» ду байти зеринро чун намунаи шеъри Ҳанзалаи Бодғисӣ овардааст:

Меҳтарӣ гар ба коми шер - дар аст,
Шав, хатар кун, зи коми шер биҷӯй!
Ё бузургию иззу неъмату ҷоҳ,
Ё чу мардон-т марг рӯёрӯй.

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ