Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


ДАЙЛАМИИ ҚАЗВИНӢ

Дайламии Қазвинӣ шоири асри Х ва оғози асри XI ва маддоҳи подшоҳони Оли Бӯя будааст. Фасеҳии Хофӣ дар «Муҷмал» ва Саъолибӣ дар «Татимматул-ятима» байтҳои арабии Дайламиро низ овардаанд. Мо дар ин ҷо як ғазали ҳафтбайтии шоирро зикр менамоем:

Ҳамранги май лабонашу ҳамранги гул қабой,
Бар даст май ниҳодаву бар гул ниҳода пой.
Бӯи баҳор ёфта аз дасти ӯ набид,
Бӯи биҳишт ёфта аз нури ӯ сарой.
Омад ба сони моҳу май овард чун Суҳайл,
Дидӣ Суҳайл дар қадаҳу моҳ дар қабой?
Эй чун хирад бадеъ, валекин хирадситон,
Эй чун равон латиф, валекин равонрабой.
Кабки харирсинаву гӯри сумансурин,
Сарви шаробхораву моҳи ғазалсарой.
Ҷузвию куллӣ аз ду бурун нест, ончи ҳаст,
Ҷузвӣ ҳама ту бахшию куллӣ ҳама Худой.
Ман аз Худою аз ту ҳамехоҳам ин ду чиз,
То ӯ туро бақо диҳаду ту маро қабой.

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ