Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


МАНТИҚИИ РОЗӢ

Абӯмуҳаммад Мансур ибни Алӣ Мантиқии Розӣ аз зумраи шоирони бузурги зуллисонайн буда, ба арабӣ ва форсӣ шеър мегуфтааст. Мувофиқи ахбори Низомии Арӯзӣ дар «Чаҳор мақола» ва Муҳаммад Авфӣ дар «Лубоб-ул-албоб» ӯ ба дарбори Оли Бӯя мансубият дошт. Мантиқӣ дар миёни солҳои 978-990 вафот ёфтааст.

Мантиқии Розӣ аз зумраи аввалин шоирон дар қисмати ғарбии Эрон аст. Аз мероси адабии ӯ се қасида, шаш қитъа ва ёздаҳ фардбайт, дар маҷмӯъ 84 байт шеър боқӣ мондааст.

Эй ҷаҳондоре, к-ин чарх зи ту ҳоҷат хост,
Ки ту бар лашкари бадхоҳон бигмор маро.

Саҳифаи 1/23

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ