Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


ҒАЗВОНИИ ЛӮКАРӢ

Абулҳасан Алӣ ибни Муҳаммад Ғазвонии Лӯкарӣ аз муосирони амир Абулқосим Нӯҳ ибни Мансур ибни Нӯҳ (976 – 997) бародари Аҳмад ибни Мансур ва вазири Сомониён Абулҳасан Абдуллоҳ ибни Аҳмади Утбӣ будааст. Аз ашъори Ғазвонӣ як тағаззули қасида, як дубайтӣ ва қитъае шомили 19 байт дар мадҳи амирони номбурдаи Сомонӣ боқӣ мондааст.

Соқӣ бидеҳ он гулгун қарқафро,
Ноёфта аз оташи газ тафро.
Наздики амир Аҳмади Мансур
Бар кӯшк бар ин шеъри мураддафро.

Саҳифаи 1/3

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ