Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


ВАЛВОЛИҶӢ

Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Солиҳи Валволиҷӣ аз шоирони аҳди Сомониён аст. Манучеҳрӣ дар шеъраш ду дафъа аз ӯ ёд мекунад.
Аз Валволиҷӣ ду қитъаи шеър боқӣ мондааст, ки ҳар кадоме аз ду байт иборат мебошад.

Симдандонаку басдонаку хандонаку шӯх,
Ки ҷаҳон онак бар мо лаби ӯ зиндон кард.
Лаби ӯ бинию гӯӣ, ки касе зери ақиқ
Ё миёни ду гул - андар шакаре пинҳон кард.

Саҳифаи 1/2

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ