Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


3. МАҲМУДИ ВАРРОҚИ ҲИРАВӢ

Маҳмуди Варроқро ҳамзамони подшоҳони Тоҳирӣ ва Саффорӣ донистаанд. Ризоқулихони Ҳидоят таърихи вафоти ин шоирро 221 ҳиҷрӣ (835-836 милодӣ) навиштааст. Аз Маҳмуди Варроқ ду байт шеър боқӣ мондааст, ки чун абёти Ҳанзалаи Бодғисӣ ба тарзи сухани шоирони замонҳои баъдтар ҳамоҳангӣ дорад. Ду байти мазкур ин аст:

Нигорино, ба нақди ҷон-т надҳам,
Гаронӣ дар баҳо, арзон-т надҳам.
Гирифтастам ба каф домони васлат,
Ниҳам ҷон аз кафу домон-т надҳам.

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ