Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


7. БАССОМИ КУРД

Бассоми Курд аз зумраи ҳамзамонони Муҳаммад ибни Васиф буд. Ӯ дар пайравии Муҳаммад ибни Васиф шеър гуфтан гирифт ва ба ақидаи муаллифи «Таърихи Систон» аз ҷумлаи аввалин шоирони порсигӯй аст. Аз Бассоми Курд қитъаи зайли панҷбайтӣ то замони мо боқӣ мондааст:

Ҳар ки набуд ӯ ба дил муттаҳам,
Бар асари даъвати ту кард наам.
Амр зи Аммор бад-он шуд барӣ,
К-ӯй хилоф овард то лоҷарам.
Дид бало бар тану бар ҷони хеш,
Гашт ба олам тани ӯ дар алам.
Макка ҳарам кард арабро Худой,
Аҳди туро кард ҳарам дар Аҷам.
Ҳар кӣ даромад, ҳама боқӣ шуданд,
Боз фано шуд, ки надид ин ҳарам.

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ