Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


8. МУҲАММАД ИБНИ МУХАЛЛАДИ САГЗӢ

Номи ин шоир низ дар китоби «Таърихи Систон» дар сафи аввалин шоирони порсигуй – Муҳаммад ибни Васиф ва Бассоми Курд қарор гирифтааст. Қитъаи зерин дар мадҳи Яъқуб ибни Лайси Саффорӣ аз ӯ боқӣ мондааст:


ОДАМУ ҲАВО?

Ҷуз ту назод Ҳавво в-Одам накишт,
Шерниҳодӣ ба дилу бар маништ.
Муъҷизи пайғамбари Маккӣ туӣ
Бар кунишу бар манишу бар гувишт.
Фахр кунад Аммор рӯзи бузург,
К-ӯ ҳамонам ман, ки Яъқуб кишт.

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ