Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


АБӮҲАФСИ СУҒДӢ

Абӯҳафс Ҳаким ибни Аҳвас – мухтареи сози мусиқии шаҳруд ва мусиқидону шоири охири асри IX ва аввали асри Х буд. Дар баъзе сарчашмаҳо ӯро аввалин шоири порсигуй шинохтаанд, вале чунин назар ҳақиқати таърихӣ ва далели мӯътамад надорад. Тибқи ахбори баъзе маъхазҳои адабӣ-таърихӣ Абӯҳафс асбоби мусиқии шаҳрудро дар соли 300 ё 307 ҳиҷрӣ (912-913 ё 919-920 милодӣ) сохтааст. Дар фарҳангҳо рисолаеро дар луғати форсӣ ҳам ба Абӯҳафки Суғдӣ нисбат додаанд. Ягона байте, ки аз ашъори Абуҳафс боқӣ мондааст, ин аст:

Оҳуи кӯҳӣ дар дашт чӣ гуна давадо,
Чун надорад ёр, бе ёр чӣ гуна бувадо?!

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ