Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


МАСЪУДИ МАРВАЗӢ

Масъуди Марвазӣ дар охири асри IX ва аввали асри Х зиндагӣ карда, аввалин гӯяндаи «Шоҳнома»-и манзум буд ва таълифи онро андаке пештар ё баъдтар аз ҳудуди соли 300 ҳиҷрӣ (912-913 милодӣ) анҷом додааст. Аз «Шоҳнома»-и Масъуди Марвазӣ як пораи чаҳормисраӣ ва як байти алоҳида боқӣ мондааст. Пораи чаҳормисраӣ марбут ба подшоҳии Каюмарс ва байт мутааллиқ ба давраи Сосониён мебошад. Матни ин абёт чунин аст:

Нахустин Каюмарс омад ба шоҳӣ,
Гирифташ ба гетӣ - дарун пешгоҳе.

Саҳифаи 1/3

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ