Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


СИПЕҲРИИ БУХОРОӢ

Сипеҳрӣ шоири аввали асри Х милодӣ, муосири Абулмуайяд Равнақии Бухороӣ ва Абулмасали Бухороӣ буда, Манучеҳрии Домғонӣ яқинан ҳамин Сипеҳриро яке аз панҷ шоири бузурги бухороӣ медонад. Муҳаммад Авфии Бухороӣ дар «Лубобулалбоб» ду байт аз қасидаи Сипеҳриро овардааст, ки мероси адабии то замони мо расидаи ин шоир аст:

Шохаҳои мурд баррафта бибину баргҳош
Баршикаста ҷаъд андар ҷаъд чун зулфайни ёр.
Бӯстонафрӯз, тобон дар миёни бӯстон,
Ҳамчу хунолуда дар ҳайҷо синони шаҳрёр.

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ