Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


АҲМАДИ БАРМАКӢ

Дар бораи ин шоир дар тазкираҳо хабаре дода нашудааст. Ҳамин қадар маълум аст, ки номи вай Аҳмад ибни Ҷаъфар ибни Яҳёи Бармакӣ буда, адибу муаррих ва ситорашинос ҳисоб меёфтааст. Ӯ соли 324-326 хиҷрӣ (935-938 милодӣ) вафот кардааст. Ин байт боқимонда аз ашъори ӯст:

Милк аз нохун ҳаме ҷудо хоҳӣ кард,
Дардат кунад, эй дӯст, хато хоҳӣ кард.

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ