Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


ШАҲИДИ БАЛХӢ

Абулҳасан Шаҳид ибни Ҷуҳудонакии Балхӣ аз зумраи шоирони бузурги аввали аҳди Сомониён аст. Ҳамзамонон Шаҳидро дар бузургӣ ба пояи ҳунари Рӯдакӣ наздик донистаанд ва Одамушшуаро ҳам ӯву Фароловиро шоиру дигаронро ровӣ хондааст:

Шоир Шаҳиду шӯҳра Фароловӣ,
В-ин дигарон ба ҷумла ҳама ровӣ.

Рӯдакӣ дар марсияи Шаҳид шеър гуфта, шоирон Дақиқӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Адиб Собир, Сӯзанӣ ва Хоконӣ сухани ӯро сутудаанд.
Шаҳиди Балхӣ аз илму ҳикмат низ баҳраи тамом дошта, бо муосирони донишмандаш мубоҳисоти илмӣ ҳам кардааст. Аз ҷумла мубоҳисоти ӯ бо Закариёи Розӣ машҳур аст. Шаҳиди Балхӣ мадҳи амирон ва бузургони давлати Сомониёнро мегуфт. Пайвастагии ӯ ба илму ҳикмат сабаби вуфури мафҳуму маъниҳои илмию ахлоқӣ дар ашъораш гардидааст. Шаҳиди Балхӣ соли 325 хиҷрӣ (937-938 милодӣ) вафот ёфтааст. Аз ашъори ӯ бо саъйи муҳаққиқон 102 байт ҷамъоварӣ шудааст, ки мо онҳоро дар зер меорем:

Яра миҳани сумма яхфизул басаро,
Фадтаҳу нафсӣ, тароҳу қад сафаро.
Донад, к-аз вай ба ман ҳаме чӣ расад,
Дигарбора зи ишқ бехабаро.
Аммо яра ваҷнати мин асриҳи
Ва соилан калчамони мубтадаро.
Чу садди Яъҷуҷ боядӣ дили ман,
Ки бошадӣ ғамзагон-шро сипаро.
Фа зоъа ҳилми ва хонани ҷилди
Ва ман ятиқул қазоа вал қадаро.
Вагар бидонистаме, ки дил бишавад,
Накардаме бар раҳи бало гузаро.

Саҳифаи 1/67

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ