Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


АБУЛҲАСАН МУРОДӢ

Абулҳасан Муҳаммад ибни Муҳаммад Муродӣ шоири фозил ва донишманди нимаи аввали асри Х мебошад. Қитъаи Рӯдакӣ дар марсияи Муродӣ бо матлаи зерин машҳур аст:

Мурд Муродӣ, на ҳамоно ки мурд,
Марги чунин хоҷа на корест хурд.

Манучеҳрӣ дар қасидаи маъруф дар мадҳи Унсурӣ ба се Абулҳасан ишора мекунад, ки яке аз онҳо бояд ҳамин Муродӣ бошад. Муродӣ шеъри арабӣ ҳам мегуфт ва шеъри арабии ӯро шоири маъруфи асри XII Камоли Исмоил тазмин карда гуфтааст:

Дар ин маънӣ, ки афтодаст моро,
Ду байт омад ба хотир аз Муродӣ:
Ва ихвонун ҳасабтуҳум дуруъан,
Фа конуҳо валокин лилаъодӣ.
Ва ҳасбатҳум сиҳому соиботин,
Фа конуҳо валокин фӣ фуодӣ.

Мутаассифона, аз Абулҳасан Муродӣ то замони мо фақат ду байти алоҳидаи зерин боқӣ мондааст:

Он сурх амома бар сари ӯ
Чун ожахи зишт бар сарир.
Аз ҳашаму ганҷ чи фарёду суд?
Марг кунад бар сари ту тохтан.

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ