Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


АБӮТАЙЙИБИ МИСЪАБӢ

Абӯтаййиб Муҳаммад ибни Ҳотам Мисъабӣ аз амалдорони Сомониён, соҳиби девони рисолат ва баъд вазири Наср ибни Аҳмади Сомонӣ буд. Ӯ бо забонҳои арабӣ ва форсӣ шеър мегуфт. Мутаассифона, мувофиқи ахбори Саъолибӣ дар «Ятимат-уд-даҳр» Мисъабӣ бо фармони амири Сомонӣ ба қатл расидааст. Аз ашъори форсии ӯ 16 байт боқӣ мондааст:

Шаккаршикан аст ё сухангӯи ман аст,
Анбарзақан аст ё суманбӯи ман аст.
Кошки ин ҷой ғӯта хӯрдаме,
Ҷои дигар дастгире тогдор.

Саҳифаи 1/3

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ