Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


АБУЛМУАЙЯДИ БАЛХӢ

Абулмуайяди Балхӣ аз зумраи шоирони маъруфи нимаи аввали асри Х мебошад. Ӯ муаллифи «Шоҳномаи бузург» ё «Китоби Гаршосб» будааст, ки муаллифони кутуби адабии асрҳои X – XII аз он ёд кардаанд. Абулмуайяди Балхӣ аввалин касест, ки достони «Юсуф ва Зулайхо»-и манзум таълиф кардааст. Аз ин асар нишонае то замони мо ба ҷуз се байти мансуб ба он нарасидааст.

Абулмуайяди Балхӣ асари мансуре бо номи «Аҷоиб-ул-булдон» таълиф кардааст, ки бо номҳои дигар низ ёд мешавад ва нусхае аз он то замони мо расидааст.

Аз ашъори ӯ 22 байт боқӣ мондааст.
Сафрои маро суд надорад налко,
Дарди сари ман куҷо шиносад алко.
Савганд хурам ба ҳарчи ҳастам, малико
К-аз ишқи ту бигдохтаам чун калко.

Саҳифаи 1/14

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ