Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


1. СУРУДИ ОТАШКАДАИ КАРКУЙ

Суруди оташкадаи Каркуй дар китоби «Таърихи Систон»-и муаллифи номаълум ва дар китоби «Гаршосп»-и «Шоҳнома»-и Абулмуайяди Балхӣ нақл шудааст. Суруди оташкадаи Каркуй шеъри шашҳиҷоӣ буда, дар давраи аввали устувор шудани ислом дар ҳудуди Хуросон ба вуҷуд омадааст. Матни он суруд ин аст:

Фрухта бодо руш,
Хуниза Гаршосп хуш.
Ҳаме бирафш аз ҷӯш,
Анӯш кун, май нӯш.
Дӯст базогӯш,
Ба офарин ниҳода гӯш.
Ҳамеша некӣ кӯш,
(Ки) дӣ гузашту дӯш.
Шоҳо, худойгоно,
Баофарин шоҳӣ.

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ