Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


ТАХОРӢ (ТАҲОВӢ)

Тахорӣ шоири муосири Рӯдакӣ ва маддоҳи Сомониён аст. Низомии Арӯзӣ дар «Чаҳор мақола» ӯро дар радифи шоирони он замон мегузорад. Номи вай дар манбаъҳои қадим Таҳовӣ ва дар тазкираҳои ҷадидтар Тахорӣ зикр гардидааст. Саъид Нафисӣ ӯро аз Тахорони тобеи Марв ё Тахористони маъруфи шимоли Афғонистони имрӯза меҳисобад ва нисбати «Таҳовӣ»-и мансуб ба ноҳияи Таҳои воқеъ дар шимоли Мисрро дур аз ҳақиқат медонад.

Аз ашъори Тахорӣ танҳо ду байти зайл боқӣ мондааст:

Лаб-т гӯӣ ки нимкафта гул аст,
Маю нӯш андар ӯ ниҳуфтастӣ.
Зулф гӯӣ зи лаб ниҳозида-ст,
Ба гила сӯи чашм рафтастӣ.

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ