Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


АБУЛМАСАЛИ БУХОРОӢ

Шоири миёнаи асри Х Абӯтоҳири Хусравонӣ дар байти зайл номи ӯро овардааст.

Ҳаме ҳасад кунаму солу моҳ рашк барам,
Ба марги Булмасалу марги Шокиру Ҷуллоб.

Манучеҳрии Домғонӣ низ номи Абулмасалро зикр кардааст:

Булалову Булаб(б)осу Бӯсулайку Булмасал,
Он, ки аз Валволиҷ омад, он ки омад аз Ҳарӣ...
Гӯ биёеду бибинед ин шариф айёмро,
То кунад ҳаргиз шуморо шоирӣ кардан кирӣ.

Аз Абулмасали Бухороӣ 25 байти пароканда ҷамъоварӣ шудааст:

Барафканд пирӣ зиё бар сарат,
Ба чашми бутон зулмат аст он зиё.
Набинӣ, ки бози сапедӣ кунун,
Агар кабк бигрезад аз ту, сазо.
Набинӣ, суман барги насрин шуда,
Зи кофур пӯшида барги гиё.

Саҳифаи 1/23

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ