Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


РОБИА БИНТИ КАЪБ

Робиа духтари Каъби Қуздорӣ аввалин суханварест аз ҷумлаи занон, ки номи ӯ дар радифи шоирони форсигӯй зикр шудааст. Ӯ аз муосирони Рӯдакӣ буд. Шайх Аттор дар маснавии «Илоҳинома» достоне аз зиндагии ӯ нақл кардааст, ки беасос буданаш ба ҳақиқат наздиктар менамояд, вале мазмунаш ғазалҳои шӯрангезу равони Робиаро тавзеҳ медиҳад.

Ба гуфтаи Аттор Робиа духтари ҳокими Балх буд. Баъди марги падар бародари бузургаш Ҳорис ӯро сарпарастӣ мекард. Робиа ба Бектош ном ғуломи бародараш ошиқ шуд ва дар ишқи ӯ шеър мегуфт. Вақте ки асрори ошиқон фош гардид, бо фармони Ҳорис Робиаро дар ҳаммоми тафсон андохта, раги хунашро буриданд ва ӯ ҳалок шуд. Ризоқулихони Ҳидоят ҳам дар ин мавзӯъ манзумае ба номи «Гулистони Ирам» навиштааст.

Аз Робиа 7 ғазал, 4 дубайтӣ ва 2 фардбайт боқӣ мондааст.

Зи бас гул, ки дар боғ маъво гирифт,
Чаман ранги «Аржанг»-и моно гирифт.
Сабо нофаи мушки Тиббат надошт,
Ҷаҳон бӯи мушк аз чи маъно гирифт?!
Магар чашми Маҷнун ба абр - андар аст,
Ки гул ранги рухсори Лайло гирифт.
Ҳаме монад андар ақиқин қадаҳ
Сиришке, ки дар лола маъво гирифт.
Қадаҳ гир чандею дунё магир,
Ки бадбахт шуд, он ки дунё гирифт.
Сари наргиси тоза аз зарру сим
Нишони сари тоҷи Кисро гирифт.
Чу руҳбон шуд андар либоси кабуд
Бунафша, магар дини тарсо гирифт?!

Саҳифаи 1/10

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ