Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


АБӮШАКУРИ БАЛХӢ

Шоири маъруфи миёнаҳои асри Х Абӯшакури Балхӣ дар соли 333 хиҷрӣ (945-946 милодӣ) ба навиштани маснавии «Офариннома» машғул будааст ва ба ин маънӣ худаш мегӯяд:


Бар ин достон, к-аш бигуфт аз фаёл
Абар сесаду сию се буд сол.

Абӯшакур ҳамзамон ва маддоҳи Нӯҳ ибни Аҳмади Сомонӣ ( 321-343 – 934-955) буд. Ӯ ба ғайр аз қасидасароӣ маснавиҳо ҳам эҷод намудааст, ки «Офариннома» яке аз онҳост ва аз он ҷузъи комилтаре боқӣ мондааст. Ин маснавӣ дар баҳри мутақориб суруда шуда, мазмуни ахлоқӣ дорад ва зиёда аз сесад байти он то замони мо расидааст. Маҷмӯи ашъори боқимондаи ин шоир аз 429 байт иборат буда, дар ин ҷо асосан оварда мешавад:

Ало то моҳи навхида камон аст,
Сипар гардад маҳи доҳу чаҳоро.

Саҳифаи 1/78

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ