Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


2. ЯЗИД ИБНИ МУФАРРАҒ

Язид ибни Муфаррағ шоири араб будааст, ки дар асри ҳафтуми милодӣ мезиста ва дар Хузистон (ҷануби ғарбии Эрон) ба духтаре тааллуқи хотир доштааст. Язид ибни Муфаррағ ба сабаби ҳаҷви яке аз ашрофзодагон муддате дар шаҳри Басра маҳбус будааст. Бо фармони Убайдуллоҳ ибни Зиёд ба шароби ширини (набизи) омехта бо шабрам (гиёҳи исҳоловар) нӯшониданд ва хуку гурбаеро бо ӯ ба як ресмон баста, дар ҳоли мастиву палидӣ (аз исҳол) дар кӯчаҳои Басра гардониданд. Кӯдакони форсизабон аз қафои Язид мерафтанду мепурсиданд, ки «Ин чист?... Ин чист?» Ӯ дар посухи кӯдакон мегуфт:

Об асту набид аст,
Асороти забиб аст,
Сумийа рӯсабиз аст.

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ