Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


АБӮТОҲИРИ ХУСРАВОНӢ

Абӯтоҳир Таййиб ибни Муҳаммад Хусравонӣ яке аз шоирони маъруфи асри Х буд. Ризоқулихони Ҳидоят дар «Маҷмаъулфусаҳо» соли 342 ҳиҷрӣ ( 954 милодӣ )-ро таърихи вафоти Хусравонӣ ҳисоб кардааст, ки ба ҳиқиқат наздик менамояд. Муаллифони сарчашмаҳо баъзе ашъори ин шоирро бо Хусравии Сарахсӣ - шоири охири асри Х омехта кардаанд. Сӯзании Самарқандӣ дар абёти зайли яке аз қасидаҳои худ аз Хусравонӣ чунин ёд кардааст:

Бечора Сӯзанӣ, ки ба савдои ғозие
Шуд ҳамчу Хусравонии хусронзада танаш.
Чун Хусравонӣ аз ғами ғозӣ наҳиф шуд,
З-он гуна Сӯзанӣ, ки надонӣ зи сӯзанаш.
Эй коҷ Хусравонӣ будӣ бад-ин замон,
То будӣ остони худованд масканаш.

Аз ашъори Хусравонӣ то замони мо дар ҳудуди 87 байт боқӣ мондааст, ки дар ин ҷо оварда мешавад.

Ин чи тарфанд аст, эй бут, ки ҳамегӯяд халқ,
Ки сақар бошад фарҷом туро мустақаро.

Саҳифаи 1/68

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ