Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


ХАББОЗИИ НИШОПУРӢ

Дар бораи Хаббозии Нишопурӣ Низомии Арӯзӣ дар китоби «Чаҳор мақола» ва Ризоқулихони Ҳидоят дар «Маҷмаулфусаҳо» маълумот додаанд. Низомии Арӯзӣ ӯро шоири бузурги хонадони Сомониён медонад. Ҳидоят соли вафоти Хаббозиро 342 ҳиҷрӣ ( 953 – 954 милодӣ) зикр мекунад. Эҳтимолан ӯ яке аз ҳафт шоири бузурги Нишопур аст, ки Манучеҳрӣ дар қасидаи ба Унсурӣ бахшидааш ишора дорад. Ба ақидаи Саъид Нафисӣ ин Хаббозии Нишопурӣ ҳамон Хаббозии Қоинист. Дар китоби «Шарҳи аҳвол ва ашъори шоирони бедевон» ду байт ба номи Хаббозии Нишопурӣ омадааст.

Мебинӣ он ду зулф, ки бодаш ҳамебарад,
Гӯӣ, ки ошиқ аст, ки ҳечаш қарор нест.
Ё не ки дасти ҳоҷиби солори лашкар аст,
Аз дур менамояд, кӣ имрӯз бор нест.

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ