Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


АБУЛАББОСИ РАБАНҶАНӢ

Абулаббос Фазл ибни Аббоси Рабанҷанӣ аз зумраи шоирони машҳури асри Х мебошад. Манучеҳрӣ аз ӯ дар қатори шоирони бузурги мутааххири худ ёд мекунад. Фаррухӣ се байти шеъри Рабанҷаниро иқтибос карда, дар байти зерин ӯро «Шоире устод» хондааст:

Сахт хуб омад ин се байт маро,
Ки шунидам зи шоире устод.

Рабанҷанӣ дар марсияи Наср ибни Аҳмади Сомонӣ ва таҳнияти Нӯҳ қитъае дорад, ки соли 331 ҳиҷри ( 943 милодӣ) таълиф шудааст ва аз ин ҷо маълум мешавад, ки ӯ соли 943 ҳанӯз дар қайди ҳаёт будааст.

Аз ашъори Рабанҷанӣ 95 байт боқӣ мондааст, ки дар ин ҷо оварда мешавад:

Меҳтаро, бор Худоё, малики Бағдодо,
Садаи сию якум бар ту муборак бодо!

Саҳифаи 1/87

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ