Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


Фи-л-мои-н-нозил фи-л-айн (Дар илоҷи обравӣ аз чашм):

Нишони оби чашм он аст, донаш,
Хаёл ояд ба пеши дидагонаш.
Магас бинад ба пеши чашм паррон,
Набояд обро з-ин беш бурҳон.
Чунин бошад зи меъда ҷуз ки онро
Зи ҳар ду чашм ёбӣ ин нишонро.
Гар аз меъда бувад, доим набошад,
Замоне беҳ, замоне ғам фазояд.
Чу бишносӣ, ки ин иллат зи меъда-ст,
Ва донистӣ ки он на об кардаст.
Ба як ҳафта ду бор аз ҳабби ёра
Бад-ӯ деҳ, гӯ махур аз ҳеч тарра.
Гар аз об аст, худ дар чашм бинӣ,
Ки чун наздик дар пешаш нишинӣ.
Чу дуде бар сиёҳӣ чашми вай - бар
Бибинӣ ҷуз зи об он нест дигар.
Ба ҳабби қоқиё дармон кун ӯро,
Шиёфе тез кун, сомон кун ӯро.
Шиёфи заҳра бошад нек аз он тез,
Замоне хӯрдан ӯро, гӯ бипарҳез...

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ