Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


Фи-л-ваҷаъи-с-синн (дар илоҷи дарди дандон)

Касе, к-ӯро бигирад дарди дандон,
Бинолад рӯзу шаб чун дардмандон.
Вагар бо дарди вай бинӣ варамро,
Ба аслаш - бар бурун оварОвар – яқин, бешак ту дамро.
Раги кифоли вай гӯ зуд бикшой,
Вагарна чор раг бикшой бар ҷой.
Пас он гаҳ гӯ ҳиҷомат кун зи гардан,
Бибояд он гаҳе як қатра равған.
Гулобу сиркаву з-ин равғани вард
Ҳамеандой бар дандону бар дард.
Вагарна оқирқирқову кофур,
Дар ӯ гиру шавад дардаш ҳама дур.
Вагарна гӯ илоҷаш кун ба афюн,
Ба бешак дард орад пок берун.
Аз ӯ бигзор андар равғани вард,
Ба бинӣ барнеҳу барнеҳ-ш бар дард.
Гар аз балғам бувад ин дарди дандон,
Бад-ӯ бар худ падидор аст бурҳон.
Ба ҳабби қоқиёш ислоҳ фармой,
Аз ин тарёк гӯ зӣ дард бинмой...

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ