Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


Мазаррати ҳаммом

Ба гармова - дарун бисёр будан
Мухатра бошад аз бемор будан.
Дилаш з-ӯ гарм гардад, саръаш орад,
Ба меъда - дар-ш сафро дардаш орад.
Касе гар решу гар омос бошад,
Ва табро низ зӣ ӯ роҳ бошад.
Бад ояд-ш ӯ ба гармова шудан сахт,
Нагардад гирди ӯ, илло ки бадбахт.
На тан холӣ, на бар пуррӣ бишояд,
Ки он кас сӯи гармова гарояд.
Гар оӣ ту зи гармова ба берун,
Бихӯр чизе, ки он биншонадат хун.
Сикӣ парвардаат бояд ба шаккар,
Биёру зуд лахте з-ӯ ҳамех(в)ар.

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ