Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


Илоҷи газидани занбӯр

Касе, к-ӯро газад ногоҳ занбӯр,
Тало кун гӯ бад-ӯ моварду кофур.
Вагарна сиркагил он ҷо барандой,
Вагарна сиркаву талхаб-ш фармой.
Рагу боре ба сирка тар ҳамедор,
Рагуро ҳар замоне дард бигзор.
Вагар беҳтар нагардад тарф, бояд
К-аз ӯ шофи кунад, нек шояд.
Ки барги бозаруҷ он ҷо бимолад,
Зи дарди неши занбӯр ӯ нанолад.
Вагар лахте хӯрад аз хушк гашниз,
Наёбад дард ҳеч аз захми ӯ низ.
Хиёру ғӯраву кашнию қайгу
Ҳама занбӯрро нек аст дору.
Гар оби нор бо барзи катуно
Хурад, ёбад аз он роҳат ҳамоно.
Вагар молад бад-ӯ - бар барги янбуб,
Вагарна лахтаке аз барги харнуб
Шавад беҳтар, раҳад аз дарди занбӯр,
Ба кораш н-ояд он гаҳ ҳеч кофур.

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ