Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


Илоҷи газидани саг

Касе, к-ӯро саге ҷое бихояд,
В-аз он дандон ба ҳам хунаш биёяд.
Пиёзу ангубину милҳ бояд,
К-аз ӯ марҳам кунӣ худ нек шояд.
Шабонрӯзӣ аз ин марҳам бар ӯ неҳ,
Пас он гаҳ марҳаме бояд аз он беҳ.
Зи пиҳу муму зафту бирзад хоҳ,
Сияҳдору кун, ар ҳастӣ ту огоҳ.
Бар ӯ неҳ, з-он бирастӣ аз ҷароҳат,
Бад-ин дору биёбӣ зуд роҳат.
Агар шеру палангу юзу рӯбоҳ
Газад дандон касеро зишт ногоҳ.
Агар мардум газад мар якдигарро,
Бар эшон деҳ аз ин дору хабарро.
Аз ин марҳам, ки гуфтам, гӯ бар ӯ неҳ,
Ҷароҳатро набошад ҳеч з-ин беҳ.
Вагар хоҳӣ, ки он решаш бишӯӣ,
Чунон беҳтар, ки милҳу сирка ҷӯӣ.
Ҷароҳатро бад-он шӯӣ ту беҳтар,
Чунон к-аш мебишӯӣ б-оби дигар.
Саге гар гурсина-стаст, заҳр беш аст,
Ҳамеша бар газида дарду реш аст...

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ