Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


ГУШТОСПНОМА

Ба Балх рафтани Лӯҳросп ва бар
тахт нишастани Гуштосп
Чу Гуштоспро дод Лӯҳросп тахт,
Фуруд омад аз тахту барбаст рахт.
Ба Балхи гузин шуд бад-он навбаҳор,
Ки яздонпарастон бад-он рӯзгор
Мар он хонаро доштандӣ чунон,
Ки мар Каъбаро тозиён ин замон.
Бад-он хона шуд шоҳи яздонпараст,
Фуруд омад он ҷову ҳайкал бибаст.

Саҳифаи 1/3

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ