Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


Пайдо шудани зардушт ва пазируфтани гуштосп дини ӯ

Чу якЗарир – кӯр, нобино, беморчанд гоҳе баромад бар ин,
Дарахте падид омад андар замин.
Аз айвони Гуштосп то пеши кох
Дарахте гашанбеху бисёршох.
Ҳама барги ӯ панду бораш хирад,
Касе, к-аз чун ӯ бар хурад, кай мурад.
Хуҷастапаю номи ӯ Зардуҳушт,
Ки Оҳармани бадкунишро бикушт.
Ба шоҳи ҷаҳон гуфт: Пайғамбарам,
Туро сӯи Яздон ҳаме раҳбарам.
Яке миҷмар оташ биёвард боз,
Бигуфт: Аз биҳишт оваридам фароз.
Ҷаҳонофарин гуфт: Бипзир дин,
Нигаҳ кун дар ин осмону замин.
Ки бе хоку обаш баровардаам,
Нигаҳ кун бад-ӯ, то-ш чун кардаам.
Нигар, то тавонад чунин кард кас,
Магар ман ки ҳастам, ҷаҳондору бас.
Гар эдун, ки донӣ ки ман кардам ин,
Маро хонд бояд ҷаҳонофарин.
Зи гӯянда бипзир беҳ дини ӯй,
Биёмӯз аз ӯ роҳу оини ӯй.
Нигар, то чӣ гӯяд, бар он кор кун,
Хирад баргузин, ин ҷаҳон хор кун.
Биёмӯз оину дини беҳӣ,
Ки бе дин на хуб аст шоҳаншаҳӣ.
Чу бишнид аз ӯ шоҳи меҳ дини беҳ,
Бипазруфт аз ӯ дину оини беҳ.
Набурда бародар-ш фаррух Зарир,
Куҷо жандапил оваридӣ ба зер.
Падар-ш он шаҳи пиргашта ба Балх,
Ки гетӣ ба дил-ш андарун буд талх.
Сарони бузург аз ҳама кишварон,
Пизишкони донову кундоварон
Ҳама сӯи шоҳи замин омаданд,
Биҳиштанд кажжӣ, ба дин омаданд.
Падид омад он фарраи эзадӣ,
Бирафт аз дили бадсиголон бадӣ.
Раҳи бутпарастӣ пароганда шуд,
Ба яздонпарастӣ - бар оганда шуд.
Пур аз нури мину бишуд дахмаҳо,
В-аз олудагӣ пок шуд тухмаҳо.
Пас озода Гуштосп бар шуд ба гоҳ,
Фиристод ҳар сӯи кишвар сипоҳ.

Саҳифаи 1/3

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ