Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


Нома навиштани арҷосп Гуштоспро

Бар ин истоданд гурдони Чин
Ду тан низ карданд аз эшон гузин.
Яке номи ӯ Бедирафши бузург,
Гаве пири ҷоду, ситеҳанда гург.
Дигар ҷодуе, номи ӯ Номхост,
Ки ҳаргиз дилаш ҷуз табоҳӣ нахост.
Яке нома бинвишт хубу ҳужир
Суи номвар хусрави динпазир.
Нахустин ба номи Худои ҷаҳон,
Шиносандаи ошкору ниҳон.
Набиштам ман ин номаи шоҳвор,
Чунон чун бувад дархури шаҳрёр.
Суи гурд Гуштосп - шоҳи замин,
Сазовори гоҳ он кайи б-офарин.
Гузину меҳин пури Лӯҳроспшоҳ,
Худованди Кайҳон, нигаҳдори гоҳ.
Аз Арҷосп - солори гурдони Чин,
Савори ҷаҳонгиру гурди гузин.
Набишт андар он номаи хусравӣ
Яке офарин бар хати паҳлавӣ,
Ки эй номвар шаҳрёри ҷаҳон,
Фурӯзандаи тоҷи шоҳаншаҳон.
Сарат сабз боду тану ҷон дуруст,
Мабодат каёнӣ камаргоҳ суст.
Шунидам, ки роҳе гирифтӣ табоҳ,
Ба худ рӯзи равшан бикардӣ сиёҳ.
Биёмад яке пири мардумфиреб,
Туро дил пур аз бим карду ниҳеб.
Сухан гуфт аз дӯзаху аз биҳишт,
Ба дил-т - андарун тухми зифтӣ бикишт.
Ту ӯро пазируфтию дин-шро,
Биёростӣ дину оин-шро.
Бияфкандӣ оини шоҳони хеш,
Бузургони гетӣ, ки буданд пеш.
Табаҳ кардӣ он паҳлавӣ кешро,

Саҳифаи 1/3

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ