Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


Посух додани зарир Арҷоспро

xЗарир – кӯр, нобино, бемор2;ам он гаҳ чу гуфт ин сухан шаҳрёр,
Зарири сипаҳдору Исфандёр.
Кашиданд шамшеру гуфтанд: Агар
Касе бошад андар ҷаҳон сар ба сар,
Ки напсандад ӯро ба пайғамбарӣ,
Сар андарнаёрад ба фармонбарӣ.
Наёяд ба даргоҳи фархунда шоҳ,
Набандад миён пеши зебанда гоҳ.
Нагирад аз ӯ роҳу дини беҳӣ,
Нагардад мар ин дини беҳро раҳӣ.
Ба шамшер ҷон аз танаш барканем,
Сарашро ба дори барин баркунем.
Сипаҳдор, к-аш ном будӣ Зарир,
Набардасаворе даманда чу шер.
Ба шоҳи ҷаҳон гуфт, к-эй номдор,
Чу дастур бошад маро шаҳрёр,
Ки посух кунам ҷоду Арҷоспро,
Писанд омад ин шоҳ Гуштоспро.
Ҳало-гуфт-бархезу посух-ш кун,
Николи тагинони халлух-ш кун.
Зариру гаронмоя Исфандёр
Чу Ҷомосп-дастури фархундакор
Зи пешаш бирафтанд ҳар се ба ҳам,
Шуда рух пур аз чину дилҳо дижам.
Навиштанд нома ба Арҷоспи зишт,
Ҳам андархури он куҷо ӯ навишт.
Зарири сипаҳбад гирифташ ба даст,
Чунон ҳам кушода бибурдаш, набаст.
Суи шоҳ бурду бар ӯ - бар бихонд,
Ҷаҳондор Гуштосп хира бимонд.
Зи доно сипаҳбад Зарири савор,
Зи Ҷомоспу аз пураш Исфандёр.
Бибасту навишт аз бараш номи хеш,
Фиристодагонро бихонданд пеш.
Бигиред – гуфто – бари ӯ баред,
Магар з-ин сипас роҳи ман наспаред.
Агар нестӣ андар Астову Занд,
Фиристодаро зинҳор аз газанд.
Аз ин хоб бедоратон кардаме,
Ҳама зинда бар доратон кардаме.
Бад-он то бидонистӣ он нобакор,
Ки гардан наёзад або шаҳрёр.
Бияндохт нома – бигуфто – гиред,
Мар инро суи турки ҷоду баред.
Бигӯед, ҳушат фароз омадаст,
Ба хуну ба хокат ниёз омадаст.
Зада бод гардан-ту хаста миён,
Ба хок - андарун рехта устухон.

Саҳифаи 1/2

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ