Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


Бозгаштани фиристодагони Арҷосп бо посухи Гуштосп

Сухан чун ба сар бурд шоҳи замин,
Сипаҳбад-шро хонду кард офарин.
Супурдаш бад-ӯ, гуфт: Бардорашон
Аз Эрону ин марз бигзорашон.
Фиристодагони сипаҳдори Чин
Зи пеши ҷаҳондор - шоҳи замин
Бирафтанд ҳар ду шуда хоксор,
Ҷаҳондорашон рондаву карда хор.
Аз Эрони фаррух ба Халлух шуданд,
Валекин ба Халлух на фаррух шуданд.
Чу аз дур диданд айвони шоҳ,
Зада бар дараш - бар дирафши сиёҳ.
Фуруд омаданд аз чаманда сутур
Шикастадилу чашмҳо гашта кӯр.
Пиёда бирафтанд то пеши ӯй,
Сияҳ покашон ҷомаву зард рӯй.
Бидоданд пас номаи шаҳрёр
Ба посух навишта Зарири савор.
Бифармуд хондан дабирон-шро,
Зи Тӯрон ҷавонону пирон-шро.
Дабирон-шро гуфт-нома нахуст
Саросар бихонед бар ман дуруст.
Дабираш сар он номаро баркушод,
Бихондаш бар он шоҳи пайғунажод.
Навишта дар он номаи шаҳрёр,
Сароҳанги мардон, набардасавор.
Расид он навишта фурӯмоявор,
Ки бинвишта будӣ бари шаҳрёр.
Шунидем мо он суханҳо куҷо,
Набудӣ ту мар гуфтанашро сазо.
На бинвиштанӣ буд, на бинмуданӣ,
На бархонданӣ буд, на ушнуданӣ.
Чунин гуфта будӣ ту то чанд гоҳ,
Суи кишвари хуррам орам сипоҳ.
На ду моҳ бояд ҳаме, на чаҳор,
Ки мо худ биёрем шерони кор.
Ту бар хештан - бар маяфзой ранҷ,
Ки мо худ кушодем дарҳои ганҷ.
Биёрем гурдон ҳазорон ҳазор,
Ҳама кордида, ҳама номдор.
Ҳама эраҷизодаи паҳлавӣ,
На афросиёбию на пайғавӣ.
Ҳама шоҳчеҳру ҳама моҳрӯй,
Ҳама ростболо, ҳама ростгӯй.
Ҳама аз дари подшоҳию гоҳ,
Ҳама аз дари ганҷу тоҷу сипоҳ.
Ҳама найзадорону шамшерзан,
Ҳама лашкаророю лашкаршикан.
Ҳама найза бар дасту бора ба зин,
Набишта ҳама номи ман бар нигин.
Ҳама динпазиру ҳама ҳушёр,
Ҳама аз дари ёраву гӯшвор.
Чу донанд кам кӯсКӯс – дуҳул, табли бузург, осеб, садама бар пилПил – пошнаи по баст,
Суми аспи эшон кунад кӯҳ паст.

Саҳифаи 1/4

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ