Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


Гирд овардани Гуштосп лашкари худро

Чу огоҳӣ омад ба Гуштоспшоҳ,
Ки солори туркони Чин бо сипоҳ.
Биёросту ҷунбид аз ҷои хеш,
Хашоши далераш фиристод пеш.
Сипаҳбад-шро гуфт: Фардо пагоҳ
Биёрой пилон, биёвар сипоҳ.
Суи марздорон-ш нома навишт,
Ки хокони раҳ родмарде биҳишт.
Биёед яксар ба даргоҳи ман,
Ки бар марз бигзашт бадхоҳи ман.
Чу нома суи марздорон расид,
Ки омад ҷаҳонҷӯй душман падид.
Сипоҳе биёмад ба даргоҳи шоҳ,
Ки чандон набуд бар замин - бар гиёҳ.
Зи баҳри ҷаҳондор шоҳи каён,
Бибастанд гурдони гетӣ миён.
Ба даргоҳи хусрав ниҳоданд рӯй
Ҳама марздорон ба фармони ӯй.
Наёмад бар ин - бар басе рӯзгор,
Ки омад ба даргаҳ ҳазорон ҳазор.
Фароз омада буд мар шоҳро,
Кайи номдори накӯхоҳро.
Ба лашкаргаҳ омад, сипаҳро бидид,
Ҳар он кас, ки шоиста буд, баргузид.
Аз он шодмон гашт фархунда шоҳ,
Дилаш гашт хира зи чандон сипоҳ.
Дигар рӯз Гуштосп бо мӯбадон,
Радону бузургону испаҳбадон
Кушод он дари ганҷи пуркарда Ҷам,
Бидод ӯ сипаҳро дусола дирам.
Чу рӯзӣ бибахшиду ҷавшан бидод,
Бизад ною кӯсКӯс – дуҳул, табли бузург, осеб, садамау буна барниҳод.
Бифармуд бурдан ба пешаш сипоҳ,
Дирафши ҳумоюни фархунда шоҳ.
Севум рӯз Арҷосп лашкар кашид,
Сипоҳе, ки ҳаргиз чунон кас надид.
Зи торикии гарду аспу сипоҳ
Касе рӯзи равшан надиду на моҳ.
Зи бас бонги аспону аз бас хурӯш
Ҳаме нолаи кӯс нашнид гӯш.
Дирафшони бисёр афрошта,
Сари найзаҳо з-абр бигзошта.
Чу руста дарахт аз бари кӯҳсор,
Чу бешай наистон ба вақти баҳор.
Аз ин сон ба фармони Гуштоспшоҳ,
Зи кишвар ба кишвар ҳамешуд сипоҳ.

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ