Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


5. СУРУДИ МАРДУМИ БУХОРО

Дар соли панҷоҳу шаши ҳиҷрӣ (675-676 милодӣ) хилофати Умавияи араб халифа Саъид ибни Усмонро амири Хуросон таъйин кард. Баъди тохтутозҳо ва ғоратгариҳо дар Мовароуннаҳр Саъид ибни Усмон бо маликаи Бухоро Хингхотун сулҳ кард. Дар «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ омадааст, ки «Ин хотун зане буд ширин ва бо некӯии бисёр. Саъид бар вай шефта шуд ва мардуми Бухороро ба забони Бухорӣ дар ин ни сурудҳост».

Саъид ибни Усмон аз малика Хингхотун 30 тан аз бузургзодагони Бухороро гаравгон гирифта, онҳоро бозпас надод ва дар Макка, дар нахлистон кор мефармуд. Боре Саъид ибни Усмон ба дидани кори ҷавонони гаравгон ба нахлистон омад ва дар ҳамон ҷо ҷавонони Бухороӣ ӯро бо захми ханҷар куштанд.

Абдулҳусайни Зарринкӯб намунае аз суруди бухороиёнро аз китобе бо номи «Асмоу-л-муғтолин мина-л-ашрофи фи-л-ҷоҳилияти ва-л-ислом...», таълифи Абӯҷаъфар Муҳаммад ибни Ҳаббоби Бағдодӣ (ваф. 248 ҳиҷрӣ – 862-863 милодӣ) дарёфт намудааст. Дар ин китоб зимни нақли саргузашти Саъид ибни Усмон ва муносибати ӯ бо маликаи Бухоро, намунаи зайли «суруд бо забони Хуросонӣ» оварда шудааст:

Кӯри хамир омад,
Хотун дурӯғ канда.

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ