Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


Гуфтани Ҷомосп анҷоми размро бо Гуштосп

Чу аз Балхи бомӣ ба Ҷайҳун расид,
Сипаҳдор лашкар фуруд оварид.
Бишуд шаҳрёр аз миёни сипоҳ,
Фуруд омад аз аспу бар шуд ба гоҳ.
Бихонд он замон шоҳ Ҷомоспро,
Куҷо раҳнамун буд Гуштоспро.
Сари мӯбадон буду шоҳи радон,
Чароғи бузургону испаҳбадон.
Чунон поктан буду покизаҷон,
Ки будӣ бар ӯ ошкоро ниҳон.
Ситорашиносе гаронмоя буд,
Ба фарҳангу дониш варо поя буд.
Бипурсид аз шоҳу гуфто: Худой,
Туро дин бидоду покиза рой.
Чу ту нест андар ҷаҳон ҳеч кас,
Ҷаҳондор дониш туро доду бас.
Бибояд-т кардан зи ахтаршумор,
Бигӯӣ ҳаме мар маро рӯи кор.
Ки чун бошад оғозу анҷоми ҷанг,
Киро беш хоҳад бад-ин ҷо диранг.
Наёмад-ш хуш пир Ҷомоспро,
Ба рӯи дижам гуфт Гуштоспро.
Ки эй кошкӣ Эзади додгар
Надодӣ маро ин хирад в-ин ҳунар.
Маро гар набудӣ хирад, шаҳрёр
Накардӣ зи ман буданӣ хостор.
Бигӯям ман ин в-ар нагӯям ба шоҳ
Кунад мар маро шоҳи шоҳон табоҳ.
Ҷаҳондор гуфто ба номи Худой
Бад-ин нома диновари покрой.
Ба ҷони ЗарирЗарир – кӯр, нобино, бемор он набардасавор,
Ба ҷони гаронмоя Исфандёр.

Саҳифаи 1/8

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ