Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


Лашкарҳо оростани Гуштосп ва Арҷосп

Чу Ҷомосп гуфташ, сапеда дамид,
Фурӯғи ситора шуда нопадид.
Аз он ҷо хиромид то размгоҳ,
Фуруд оварид он гузида сипоҳ.
Нигоҳе, ки боди сапеда дамон,
Ба кох орад аз боғ бӯи гулон.
Фиристод бар ҳар суе дидбон,
Чунон чун бувад оини озодагон.
Биёмад саворею гуфташ ба шоҳ,
Ки шоҳо, ба наздик омад сипоҳ.
Сипоҳест, эй шаҳрёри замин,
Ки ҳаргиз чунон н-омад аз турку Чин.
Ба наздикии мо фуруд омаданд,
Ба кӯҳу дару дашт хайма заданд.
Сипаҳдорашон дидбон баргузид,
Фиристоду дида ба дида расид.
Пас озод Гуштоспшоҳи далер,
Сипаҳбад-шро хонд фаррух ЗарирЗарир – кӯр, нобино, бемор.
Дирафше бад-ӯ доду гуфто: Битоз,
Биёрой пилону лашкар бисоз.
Сипаҳбад бишуд, лашкараш рост кард,
Ҳама разми солори Чин хост кард.
Бидод он ҷаҳондор панҷаҳ ҳазор
Савори гузида ба Исфандёр.
Бад-ӯ дод як даст аз лашкараш,
Ки шере дилаш буду пиле бараш.
Дигар даст лашкар-шро ҳамчунин
Сипоҳе биёрост хубу гузин.
Ба пури гиромӣ супурд он сипоҳ,
Ки фарзанди ӯ буду ҳамтои шоҳ.
Куҷо шоҳ Шедасп хондиш ном,
Сарафрозу гарданкашу шодком.

Саҳифаи 1/2

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ