Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


Оғози разми эрониён ва тӯрониён ва кушта шудани Ардашер ва Ширӯву Шедасп

Чу андаргузашт он шабу гашт рӯз,
Битобид хуршеди гетифурӯз.
Ба зин барнишастанд ҳар ду сипоҳ,
Ҳамедид аз он кӯҳ Гуштоспшоҳ.
Чу аз кӯҳ дид он шаҳи б-офарин,
Ки андарнишастанд гурдон ба зин.
Сияҳранг Беҳзодро пеш хост,
Ки гуфтӣ, ки ӯ Бесутун аст рост.
Бар ӯ барфиканданд баргустувон,
Бар ӯ барнишаст он гави паҳлавон.
Чу сафҳои гурдон биёростанд,
Ялон ҳамнабардон ҳамехостанд.
Бикарданд як тирборон нахуст
Ба сони тагарги баҳорон дуруст.
Бирафт офтоб аз ҷаҳон нопадид,
Чӣ донад касе, к-он шигифтӣ надид.
Бипӯшида шуд чашмаи офтоб,
Зи пайконҳои дурафшон чу об.
Ту гуфтӣ ҳаво абр дорад ҳаме,
В-аз он абр алмос борад ҳаме.
В-аз он гурздорону найзаварон
Ҳаметохтанд он бар ин, ин бар он.

Саҳифаи 1/3

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ