Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


Кушта шудани Гиромӣ - пури Ҷомосп ва Невзор

Биёмад пас аз сарварони сипоҳ
Пури тухми Ҷомосп – дастури шоҳ.
Набарда саворе Гиромӣ-ш ном,
Ба монандаи пури дастони Сом.
Яке чармае - бар нишаста саманд,
Ба фитрок бар гирд карда каманд.
Ба пеши сафи чиниён истод,
Худованди додорро кард ёд.
Кадом аст – гуфт – аз шумо шердил,
Ки ояд суи найзаи ҷонгусил.
Куҷояст он ҷодуи хешком?
Куҷо Номхост аз ҳазорон-ш ном?
Бирафт он замон пеши ӯ Номхост,
Бар он асп гуфтӣ, ки кӯҳ аст рост.
Бигаштанд ҳар ду савори ҳужир
Ба гурзу ба найза ба шамшеру тир.
Гиромӣ гаве буд бо зӯри шер,
Натобид бо ӯ савори далер.
Гирифт аз Гиромӣ набарда гуреғ,
Ки зӯри каён диду бурранда теғ.
Гиромӣ хиромид бо хашми тез,
Дил аз кинаи хастагон пурситез.
Миёни сафи душман андарфитод,
Пас аз домани кӯҳ бархост бод.
Сипоҳ аз ду рӯ дарҳам овехтанд,
Яке гарди тира барангехтанд.
Буд он шӯриш андар миёни сипоҳ,
Аз он захми шамшеру гарди сипоҳ.
Бияфтод аз дасти эрониён
Дирафши фурӯзандаи ковиён.
Гиромӣ чу дид он дирафши чу нил,
Ки афканда буданд аз пушти пилПил – пошнаи по.
Фуруд омаду баргирифташ зи хок,
Бияфшонд аз ӯ хоку бистурд пок.
Чу ӯро бидиданд гурдони Чин,
Ки он найзаи номдори гузин
Аз он хок бардошт, бистурд гард,
Ба Ирдаш гирифтанд мардони мард.

Саҳифаи 1/3

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ