Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


Кушта шудани Зарир – бародари Гуштосп аз дасти Бедирафш

Ду ҳафта баромад бар ин корзор,
Ки ҳазмон ҳаме тезтар гашт кор.
Ба пеш - андар омад Зарири далер,
Саманде бузург андароварда зер.
Ба лашкаргаҳи душман андарфитод
Чу андар гиё оташи тезу бод.
Ҳамекушт аз эшону мехобанид,
Бари ӯ наистод ҳар, к-аш бидид.
Чу Арҷосп донист, к-он пури шоҳ
Ҳаме кард хоҳад сипаҳро табоҳ,

Саҳифаи 1/6

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ