Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


Огоҳӣ ёфтани Исфандёр аз кушта шудани Зарир

Пас огоҳӣ омад ба Исфандёр,
Ки кушта шуд он шоҳзода савор.
Падар-т аз ғами ӯ бикоҳад ҳаме,
Кунун кини ӯ хост хоҳад ҳаме.
Гави номвар даст бар даст зад,
Чӣ пинҳон кунад – гуфт – ҳангоми бад.
Чун ӯро ба разм - андарун дидаме,
Ҳамеша аз ин рӯз тарсидаме.
Дареғо, саворо, гаво, меҳтаро!
Ки бахташ ҷудо кард тоҷ аз саро.
Кӣ кушт он гави пили настӯҳро,
Кӣ канд аз замин оҳанин кӯҳро?!
Дирафшу паси лашкару ҷои хеш
Бародар-шро доду худ рафт пеш.
Ба қалб андаромад, миёнро бибаст,
Гирифт он дирафши ҳумоюн ба даст.
Бародар-ш буд панҷ зебои гоҳ,
Ҳама номдорону ҳамтои шоҳ.
Ҳама истоданд дар пеши ӯй,
Ки лашкар шикастан будӣ кеши ӯй.
Ба озодагон гуфт: Пушти сипоҳ,
Ки эй номдорону пурони шоҳ.
Нигар, то чӣ гӯям, накӯ бишнавед,
Ба дини Худои ҷаҳон бигравед.
Бидонед, шоҳон, ки рӯзест ин,
Ки баддин падид ояд аз покдин.
Нигар, то натарсед аз маргу чиз,
Ки кас дар замона намондаст низ.
Агар кушт хоҳад ҳаме рӯзгор,
Чи некӯтар аз марг дар корзор.
Шумо аз паси куштагон мангаред,
Маҷӯед фарёду сар машмаред.
Нигар, то набинед бигрехтан,
Нигар, то натарсед аз овехтан.
Сари найзаҳоро ба разм афканед,
Замоне бикӯшеду мардӣ кунед!
Агар кор бандед фармони ман,
Бимонад дар ин колбад ҷони ман.
Шавад номатон дар ҷаҳон бузург,
Бимирад ҳама лашкари пиргург.
Бад-ин андарун буд Исфандёр,
Ки бонги падар-ш омад аз кӯҳсор,
Ки эй номдорону гурдони ман!
Ҳама мар маро чун тану ҷони ман.

Саҳифаи 1/2

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ