Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


Рафтани Исфандёр ба ҷанги Арҷосп

Чу Исфандёр он гави пилтан,
Худованди аврангу бо саҳм тан.
Аз он кӯҳ бишнид бонги падар,
Ба зорӣ ба пеш андарафканд сар.
Хиромиду найза ба ҷанг - андарун,
Зи шарми падар сар фиканда нигун.
Яке дизае барнишаста баланд,
Ба сони яке деви ҷаста зи банд.
Бад-он лашкари душман андарфитод,
Чунон, к-андарафтад ба гулбарг бод.
Ҳамекушт аз эшону сар мебурид,
Зи бимаш ҳамемурд ҳар ки-ш бидид.
Ва Настур пури Зарири савор,
Зи хайма хиромид зӣ аспдор.
Яке аспи осудаи тезрав,
Ҷаҳанда яке кӯҳу оканда хав.
Бихосташ аз он аспдори падар,
Ниҳод аз бари ӯ яке зини зар.
Биёросту баргустувон барфиканд,
Ба фитрок баст он каёнӣ каманд.
Бипӯшид ҷавшан, бар ӯ барнишаст,
Ба майдон хиромид найза ба даст.
Аз ин сон хиромид то размгоҳ,
Суи боби кушта ҳамеҷуст роҳ.
Ҳаметохт в-он бораро тез кард,
Ҳамеохт кина, ҳамекушт мард.
Аз озодагон ҳар кӣ дидӣ ба роҳ,
Бипурсидӣ аз номдори сипоҳ.
Куҷо уфтодаст гуфтӣ Зарир,
Падар-м он набарда савори далер?
Яке мард буд, номи ӯ Ардашер,
Саворе гаронмояву гурдгир.
Бипурсид аз ӯ роҳ фарзанди хурд,
Суи бобакаш роҳ бинмуд гурд.
Фикандаст гуфто, миёни сипоҳ
Ба наздикии он дирафши сиёҳ.
Бирав зуд, к-он ҷо фитодаст ӯй,
Магар боз биниш якбора рӯй.
Пас он шоҳзода барангехт бӯр,
Ҳамекушт марду ҳамекард шӯр.
Ҳаметохташ, то бари ӯ расид,
Чу ӯро бар он хок кушта бидид.
Бирафташ дилу ҳуш в-аз пушти зин,
Фиканд аз бараш хештан бар замин.

Саҳифаи 1/3

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ