Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


Боз омадани Гуштосп ба Балх

Кайи номбардори фархунда шоҳ,
Суи гоҳ боз омад аз размгоҳ.
Ба Настур гуфто, ки фардо пагоҳ
Суи кишвари номвар каш сипоҳ.
Гузида сипаҳбад ҳам аз бомдод
Бизад кӯсу лашкар, буна барниҳод.
Ба Эронзамин боз карданд рӯй,
Ҳама чирадил гаштаву размҷӯй.
Мар он хастагонро бибурданд низ,
Наҳиштанд бар ҷойгаҳ ҳеч чиз.
Ба Эронзамин боз бурдандашон,
Ба донопизишкон супурдандашон.
Чу шоҳи ҷаҳон боз шуд боз ҷой,
Ба пури меҳин дод фаррух Ҳумой.
Сипаҳро ба Настури фархунда дод,
Аҷамро чунин буд оину дод.
Бидодаш аз озодагон даҳ ҳазор,
Саворони ҷангии найзагузор.
Бифармуду гуфт: Эй гави найзабоз,
Яке то бари шоҳи туркон битоз.
Ба Оёсу Халлух ҳаме баргузар,
Бикуш, ҳар кӣ ёбӣ, ба кини падар.
Зи ҳар чи-ш бибоисту будаш ба кор,
Бидодаш ҳама бемару бешумор.
Ҳам он гоҳ Настур бурд он сипоҳ
Ва шоҳи ҷаҳон аз бари тахту гоҳ.
Нишасту каӣ тоҷ бар сар ниҳод,
Сипаҳро ҳама яксара бор дод.
Дари ганҷ бикшод в-аз хоста
Сипаҳро ҳамекардаш ороста.
Саронро ҳама шаҳрҳо дод низ,
Касеро наҳишт эч нодода чиз.
Киро подшоҳӣ сазонид, дод,
Киро поя боист, поя ниҳод.
Чу андархури корашон дод соз,
Суи хонаҳошон фиристод боз.

Саҳифаи 1/2

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ