Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ  
Феҳрист
Намоишгоҳ
WWW.rudaki.tk

Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ

Таҳияи матн ва луғату тавзеҳот аз Худоӣ Шарифов ва Абдушукур Абдусатторов. Душанбе, «Адиб» 2007.
Таҳияи қолаби электронӣ: «shuk»


Фиристодани Гуштосп Исфандёрро ба ҳамаи кишвар ва дин баргирифтани эшон аз ӯ

Гави номбардори беҳрӯзгор
Нишаста ба тахти каӣ номдор,
Гузинони кишвар-шро бор дод,
Бузургону шоҳони меҳтарнажод.
Зи пеш андаромад гав Исфандёр,
Ба даст - андарун гурзаи говсор.
Ниҳода ба сар - бар каёнӣ кулоҳ,
Ба зери кулоҳаш ҳаметофт моҳ.
Биистод дар пеши вай бандафаш,
Сарафкандаву даст карда ба каш.
Чу шоҳи ҷаҳон рӯи ӯро бидид,
Зи ҷону ҷаҳонаш ҳаме баргузид.
Бихандиду гуфт: Эй ял, Исфандёр,
Ҳаме орзу н-оядат корзор?
Яли теғзан гуфт: Фармон турост,
Ки ту шаҳрёрию кайҳон турост.
Кайи номвар тоҷи заррин-ш дод,
Дари ганҷҳоро бар ӯ баркушод.
Ҳама кори Эрон мар ӯро супурд,
Ки ӯро будӣ паҳлавӣ дастбурд.
Дирафше бад-ӯ доду ганҷу сипоҳ,
Ҳанӯзат нашуд гуфт ҳангоми гоҳ.
Бад-ӯ гуфт: Поят ба зин - андар ор,
Ҳама кишварамро ба дин - андар ор.
Бишуд теғзан гурдкуш пури шоҳ
Ба гирди ҳама кишварон бо сипоҳ.
Ба Руму ба Ҳиндустон - бар бигашт,
Зи дарёву торикӣ андаргузашт.
Гузориш ҳамекард Исфандёр
Ба фармони Яздони парвардгор.
Чу огаҳ шуданд аз накӯ дини ӯй,
Гирифтанд аз ӯ роҳу оини ӯй.

Саҳифаи 1/3

<< Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
Ашъор | Интишорот | Намоишгоҳ